Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

Дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо иштироки Раиси Кумита ва кормандон маҷлиси тантавӣ баахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз Раиси Кумита зикри он дошт, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо даврони саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Шумо шоҳиди он гаштед, ки танҳо дар моҳи ноябр бахшида ба Рузи Конститутсия дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон якчанд иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифт, ки ҳамаи ин корҳои ободонию созандагӣ бо шарофати  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, муяссар гардидааст.  Барои чунин дастовардҳои нодири таърихӣ хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид.  Имрӯз бо ифтихор ва эътимод метавон баён намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, оромию субот дар кишварамон, ки ба шарофати заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон ба даст омадаанд, бирасем ва ҳамагон дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.

Эътирофи   Президенти кишвар, Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори варзида ва соҳибмақому сиҳибсиёсат дар арсаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсиятест, ки    шуҷоатманд ва дорои иродаи қавӣ мебошанд.    Сармутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Улфатов Фахриддин, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Эмомализода Мадина ва сармутахассиси   Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал   Бобоалиев Юсуфҷон дар суханронии худ аз мақому заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатии навини тоҷикон ёдрас шуданд ва расидан ба  Истиқлолияти давлатӣ, баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  интихоби Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шурои Олӣ ва баъдан Президенти мамлакат барои миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик, ки дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ устуворона қадам гузошта, дар ҳалли мубрамтарин масоили сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад, падидаи бе мислу боазамати таърихӣ, рамзи соҳибдавлатию ватандорӣ маҳсуб донистанд.

Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мову шумо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқ ва раҳнамоӣ амали худ қарор дода, бо азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати миллат ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат кору зиндагӣ намоянд.

 Зимни суханронӣ зикр гардид, ки иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан анҷумани ормонҳои миллат, сулҳу ваҳдат, эъмори давлат гардида, маҳз дар ҳамин Иҷлосия сарнавишти минбаъдаи давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон тарҳрезӣ, муайян ва мушаххас гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ- оромӣ ва амният, сулҳу ваҳдат, ҳифзи якпорчагии марзу бум ва давлат қадамҳои устувор гузошта шуд.  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *