БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026
13 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Камолиддин Муминзод, муовинони раис, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати васеи кормандони Кумита ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар семоҳаи якуми соли 2026 доир гардид.
Ҷаласаро раиси Кумита Камолиддин Муминзод оғоз намуда, доир ба таҳкими коргузорӣ, назорат ва натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита суханронӣ намуд.
Сипас гузориши роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита доир ба фаъолияти сохторҳояшон дар семоҳаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа пурсиши роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи рушди маҳал оид ба фаъолияти анҷомдода дар семоҳаи якуми соли 2026 аз ҷониби раиси Кумита сурат гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласа доир ба корҳои иҷрогардида раиси Кумита таваҷҷуҳи кормандонро ба камбудиҳои дар фаъолияти Кумита ҷойдошта ҷалб намуда, ҷиҳати бартараф намудани каибудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.



