ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГУЛҲО ТАҲТИ УНВОНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»
17 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба баргузории фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон, раиси Кумитаи рушди маҳал – Камолиддин Муминзод, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа таъкид гардид, ки фестивали мазкур бо ибтикору ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Зикр шуд, ки ҳадафи асосии фестивал баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии ҷомеа, тарбияи завқи зебоипарастӣ, инчунин ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, шаҳрак ва дар маҷмӯъ саросари кишвар мебошад.
Ҷаласаи мазкур ба баррасии масъалаҳои муҳими омодагӣ ва баргузории даври ҷамъбастии фестивал бахшида шуда, дар он аъзои гурӯҳҳои кории ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иштирок намуданд.
Фестивали «Сайри гули лола» аз рӯи як қатор номинатсияҳо, аз ҷумла «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғи фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳамасола шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо баргузор гардида, соли 2026 он тибқи ҷадвали тасдиқгардида баргузор мегардад. Дар давраҳои якум ва дуюми фестивал корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳо, аз ҷумла гули лола ва дарахтони ороишӣ, бунёди хиёбонҳо ва боғҳо ба таври назаррас вусъат ёфтаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз натиҷаҳои корҳои анҷомёфта ва омодагӣ ба даври ҷамъбастӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Ҳисор, Рашт, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Ваҳдат, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод оид ба корҳои дар маҳал иҷрошуда маълумот доданд.
Дар анҷоми ҷаласа муҳтарам Зиёзода Сулаймон ба масъулин ҷиҳати иҷрои як қатор вазифаҳои муҳим дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла, тақвияти корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ, ҷалби сокинон ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва зебоипарастӣ, инчунин таъмини иштироки фаъолонаи аҳолӣ ва мутахассисон дар чорабинии ҷамъбастӣ таъкид гардид.
Қайд гардид, ки чорабини ҷамъбасти фестивали «Сайри гули лола» 26 апрели соли 2026 дар боғи ба номи Боғи Куруши Кабир баргузор мегардад.


