ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 24 апрели соли 2026 дар бинои Кумита вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон Камолиддин Муминзод бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ хонум Сано Зиё баргузор гардид.
 
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак ва дигар самтҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.
 
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон”, ки мақсади лоиҳаи мазкур ин таҳкими иштироки аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ, баланд бардоштани сифати инфрасохтори маҳаллӣ ва тавсеаи имкониятҳо барои ба даст овардани шароити хуби зиндагӣ дар ҷамоатҳо ба ҳисоб меравад, ибрози андеша намуданд.
 
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки лоиҳаи мазкур иброз намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *