Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!
Дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо иштироки муовини Раиси Кумита ва кормандон маҷлиси тантавӣ баахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз муовини Раиси Кумита Давлатзода Н.С. кормандонро ба Рӯзи Парчами табрик намуда, иброз он дошт, ки Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забон рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад. Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишони муқаддас мебошад. Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадимулайём маҳз парчам аст.
Яъне бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд.
Баъдан сармутахассис-ёвари Раиси Кумита Ҳайётов Н ва самутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Неъматзода Д. оид ба нақши Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад. Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад.
Ин аст, ки дар даврони истиқлолият барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.
Аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.
Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.
Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.
Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.