Раиси Кумита

Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод 

 Камолиддин Муминзод – 2 январи соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Таҳсилот:

Соли 2006 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ҳуқуқшинос)

Соли 2012 – Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Соли 2020 – Донишгоҳи Тор Вергата, шаҳри Рим, Италия (магистри байналмилалии дараҷаи II оид

ба идоракунии хариди давлатӣ)

Донандаи 2 забон: русӣ ва англисӣ (озодона)

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳо

Вазифа

2007-2010

мутахассис, сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Маркази идораи лоиҳаи “Таҷдиди маориф”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

2010 (08-11)

сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи “Ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувории соҳаи пахтакорӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2010-2011

ёвар оид ба мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаи “Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои ҷавонони Тоҷикистон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2011-2012

ҳамоҳангсоз оид ба мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаи “Пешгирии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2012-2014

директори КВД “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2014-2016

мушовир оид ба хариди Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2016-2018

мушовир оид ба хариди Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2018-2020

мушовир оид ба хариди шуъбаи идоракунии лоиҳаҳо ва грантҳои Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон

2020-2023

муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2023-2025

раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-2026

муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 январи соли 2026 

раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муминзод Камолиддин Рамазон раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 январи соли 2026
№-955