БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГУЛҲО ТАҲТИ УНВОНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ДАР СОЛИ 2026
26 апрели соли 2026, дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Фестивали имсола аз рӯйи 10 номинатсия баргузор шуда, беҳтаринҳо дар бахшҳои «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашт ва хиёбон», «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин», «Шаҳри беҳтарин» ва «Вилояти беҳтарин» муайян гардиданд.
Ғолибон бо Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 сарфароз гардонида шуда, инчунин шахсони ташаббускор, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилоту идораҳое, ки дар баргузории фестивал саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва Сипоснома-и Кумитаи рушди маҳал қадрдонӣ шуданд.
Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола – 2026» яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар ба ҳисоб рафта, бо шукӯҳу шаҳомати хос дар Душанбе ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар доираи фестивал, майдону хиёбонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо бо садҳо ҳазор гулҳои рангоранг, бахусус лолаҳо, оро ёфта, фазои шаҳрро басо дилфиреб ва идона гардониданд. Намоиши композитсияҳои гулӣ, тарҳҳои ороишӣ ва санъати боғдорӣ аз ҷониби мутахассисону гулпарварон ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, донишҷӯёну хонандагон, инчунин меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фаъолона иштирок намуданд. Баргузории барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла консертҳои ҳунармандони шинохта, рақсу сурудҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба фестивал ҳусни тоза зам намуд.
Ҳадафи асосии фестивал тарғиби фарҳанги зебопарастӣ, рушди соҳаи гулпарварӣ, беҳдошти муҳити зист ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар мебошад. Ҳамзамон, ин иқдом ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба табиат мусоидат менамояд.
Фестивали «Сайри гули лола – 2026» бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва фарҳанги ғании зебоипарастӣ буда, метавонад ҳамчун яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ дар минтақа муаррифӣ гардад.








