Тартиби қабул ба кор

Ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ки аз 5 марти соли 2007 № 233, сурат гирифта, тартиби гузаронидани он тавассути фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», аз 10 марти соли 2016, № 647 муқаррар карда мешавад.

Озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатии маъмурӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизматчиёни давлатӣ дар шакли дохилӣ ва ё кушода гузаронида мешавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки ба талаботи тахассусии барои мансаби дахлдори муқарраргардида ва талаботи Низомномаи дар боло зикршуда мувофиқат мекунанд, ҳуқуқ доранд, довталаби мансабҳои холӣ бошанд ва дар озмун иштирок намоянд.

Эълон дар бораи гузаронидани озмун дар гӯшаи эълонҳои Кумита, сомонаи расмии Кумита ва сомонаи расмии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ «Ҷумҳурият» нашр карда мешавад. Эълон дар баробари номи мақомоти давлатӣ, номгӯи мансабҳои холӣ ва андозаи музди меҳнат, инчунин талаботи асосӣ нисбат ба довталабон ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳоро низ дар бар мегирад.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо на камтар аз 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмунро дар бар мегирад. Довталабон барои иштирок дар озмуни кушода ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

 – ариза ба унвони Раиси Кумита;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси рангаи 3х4, 2 дона 4х6;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;  

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ.

Интизор меравад, ки довталаб дорои маълумоти олии дахлдор бошад. Ӯ бояд асосҳои муносибатҳои самтҳои сиёсати дохил ва хориҷи кишварро дониста, дорои малакаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои аналитикӣ ва иқтисодӣ буда ба мансаби ишғол намудааш мутобиқ бошад.

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, хислатнома, тавсияҳо) маълумоти иловагӣ пешниҳод намоянд. Ариза ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталабон бояд дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод карда шаванд. Комиссияи озмунӣ на дертар аз 5 рӯзи анҷоми марҳалаи қабули аризаҳо, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳлил карда, мувофиқати довталабонро ба талаботи тахассусӣ нисбат ба мансабҳои холӣ муайян ва дар бораи ба сӯҳбат иҷозат додан ё надодани онҳо қарор қабул мекунад.

Сӯҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронида мешавад. Дар рафти сӯҳбат сатҳи дониш, дараҷаи тахассус, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани сатҳи дониш ва малакаи касбии довталабон мумкин аст аз дигар шаклҳои санҷиш (навиштани диктант ва иншо), истифода карда шавад. Дар чунин ҳолатҳо довталабон ба санҷиши инфиродӣ ё гуруҳӣ фаро гирифта мешаванд. Дар сурати ба суҳбат ҳозир нашудани довталаб, ӯ аз озмун нагузашта ҳисобида мешавад.

Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмунӣ баъди анҷоми суҳбат бо довталабон баргузор гардида, номзад ё номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсия дода мешаванд. Довталаб дар ҳолате аз озмун гузашта ҳисобида мешавад, ки натиҷаи имтиёзҳои бадастовардаи ӯ барои ишғоли мансабҳои холӣ кофӣ бошанд ва ба тарафдории ӯ аксарияти ҳайати комиссияи озмунӣ овоз дода бошад. Ҳангоми баробар будани овозҳо ва имтиёзҳои довталабон овози раиси комиссияи озмунӣ ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Рафти суҳбат бо довталабон ва қарори комиссияи озмунӣ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, он аз тарафи раис, котиб ва аъзои комиссияи озмунӣ имзо карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки ба суҳбат иҷозат дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси муроҷиати довталаб бо гирифтани забонхат баргардонида мешаванд.