БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

8 июни соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳал ҳамоиш бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироки роҳбарияти Кумита, меҳмонон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш раиси Кумита муҳтарам Камолиддин Муминзод ва роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Рудобаи Мукаррам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш аҳамияти таърихии ба даст омадани Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири таърихии мардуми Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Зикр гардид, ки нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ризоияти миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон басо арзишманд буда, имрӯз Тоҷикистон ба шарофати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба шумор меравад.»
Дар навбати худ роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Рудобаи Мукаррам оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки кормандони Кумитаи рушди маҳал минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи давлат ва таҳкими фазои сулҳу ваҳдат дар ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
**Маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳал**





