Озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ ҷамъбаст гардид.
Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №19 шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода С., раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раисони ғолиби шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Аз рӯи номинатсияи беҳтарин хонаи истиқоматӣ хонаи Искандаров Воҳид Миробович, сокини деҳаи Рохарви Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ ба гирифтан ҷои якум, хонаи истиқоматии Заиралиев Хушвахттош аз ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён ба гирифтани ҷои дуюм, хонаи истиқоматии Назиров Хуршед сокини деҳаи Кушвои Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, шаҳри Ваҳдат ба гирифтани ҷои сеюм, аз рӯи номинатсияи беҳтарин маҳалли аҳолинишин маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар ҷои якум, маҳаллаи “Дустии халқҳо”-и ноҳияи Шоҳмансур ҷои дуюм, маҳаллаи Косатароши боло Ҷамоати деҳоти Лучоб, ноҳияи Варзоб ҷои сеюм, беҳтарин деҳа – деҳаи “Равғангарон”-и Ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷои якум, деҳаи Балҷувони Ҷамоати деҳоти Балҷувон, ноҳияи Балҷувон ҷои дуюм, деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзода, ноҳияи Рӯдакӣ ҷои сеюм, ҷамоати деҳоти беҳтарин-Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҷои якум, Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ҷои дуюм, Ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз ҷои сеюм, беҳтарин Ҷамоати шаҳрак – Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав ҷои якум, Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг ҷои дуюм, Ҷамоати шаҳраки “Ғафуров”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-ҷои сеюм, ноҳияи беҳтарин- ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон -ҷои якум, ноҳияи Рашт ҷои дуюм, ноҳияи Ашти вилояти Суғд-ҷои сеюм, беҳтарин шаҳр- шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-ҷои якум, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд – ҷои дуюм ва шаҳри Ҳисор ҷои сеюм сазовор гардида бо Диплом ва маблағҳои пулӣ қадршиносӣ шудаанд. Шаҳри Душанбе ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун мушарраф гардида, шаҳрҳои Панҷакент ва Роғун, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Айнӣ, Фархор, Ховалинг, Сангвор, Тоҷикобод, Файзобод, Лахш ва Нуробод бо Сипосонома мукофотонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Озмун дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси банди 39 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд” бо мақсади вусъат бахшии корҳои ободониву созандагӣ, зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва таъмин намудани рушди ҳамаҷониба ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи асосии озмун тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандўстӣ, ободкорӣ, зебоишиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Муовини Сарвазири мамлакат зимни суханронии худ, ғолибонро бо 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, сокинони мамлакатро бо вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таҷлили хотирмони ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даъват намуд.