Сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ҷаъфар Манон
Мирзозода Ҷаъфар Манон 1 январи соли 1963 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1984 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм
намудааст.
Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро аз рӯи ихтисоси муҳосиб ва
аудитор хатм намудааст.
Солҳои 1984-1993 Муаллими забон ва адабиёти русӣ дар ноҳияи Совет
Солҳои 1993 -1997 Сардори Шӯъбаи хоҷагии ШМИС “Кофарниҳон”
Солҳои 1997-2004 Корманди ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик-кабел”
Солҳои 2004-2006 Сармутахассиси Шӯъбаи умумии Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2006-2014 Сармутахассиси Шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015 Сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 22 июни Сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии
соли 2015 то ҳол маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яҳёев Фируз Абдураҳимович 4 марти соли 1979 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Соли 2001 Донишгоҳи Озоди Тоҷикистонро (рӯзона), соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисосҳои менеҷери тиҷоратӣ, молия ва қарз хатм кардааст.
Солҳои 2001-2004 Мутахассиси дараҷаи якуми шуъбаи ташкилӣ ва кадрҳои Ҳукумати ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
Солҳои 2004-2005 Ёрдамчии раиси ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
Солҳои 2006-2015 Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Соли 2016 (05-06) Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2016 (06-08) Сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2017 (01-04) Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Солҳои 2017-2018 Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Соли 2018 (02-10) Мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Солҳои 2020-2021 Сармутахассиси раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 29 июни
соли 2021 то ҳоло Сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.