Рушди ҳамкорӣ- омили муҳими пешрафти минтақа
Бо мақсади иштирок дар Форуми набатии роҳбарони минтақаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки санаҳои 17-19 сентябри соли 2024 баргузор мегардад, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳри Омски Федератсияи Россия сафари корӣ намуд.
Дар кори Форум иштироки намояндагон аз давлатҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Хитой, Покистон, Узбекистон ва роҳбарияти Созмони ҳамкории Шанхай дар назар буда, дар он чанд масъалаи муҳим оид ба ҳамкории тарафайн дар соҳаҳои иқтисод, роҳу нақлиёт, саноат ва тарғибу омӯзиши дастовардҳои давлатҳои аъзо дар самти пешравию устувории соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, нақши ҷомеа, махсусан ҷавонон дар татбиқи муҳимтарин барномаҳои муштаракаи ҳамкорӣ, баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва дар заминаи масъалаҳои баррасишаванда қабули санаду қарордоди ҳамкорӣ тарҳрезӣ гардидааст.