КОНФЕРЕНСИЯИ XXI КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
26 сентябри соли 2024 конференсияи ХХI ҳисоботӣ -интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар кори Конфкренсия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоии касбии назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмуродзода Сурайё, ва роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва намоиши дастовард ва ҳунарҳои мардумӣ, ки кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ташкил карданд, дидан намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ карда, шаш масъала аз ҷумла, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор оид ба натиҷаҳои фаъолият аз моҳи июли соли 2022 то моҳи июли соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда доир ба татбиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор аз моҳи июли соли 2022 то моҳи июли соли 2024, интихоби аъзои Кумитаи иљроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, интихоби вакилон ба Анҷумани 15 – уми ҲХДТ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор гирифтанд.
Дар кори Конференсия Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, Дустмуродзода Сурайё, Носирзода Ҷаббор, Фарҳод Раҳимӣ, Саидбек Мирзомуддинов ва дигар музокирачиён суханронӣ карда, аз ҷумла ёдовар шуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои назаррас ба даст омада истодаанд ва ин дастовардҳо идома доранд.
Ҳамчунин, оид ба зудтағйирёбанда гардидани вазъи ҷаҳон, тезу тунд шудани муносибати кишварҳои абарқудрат, афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба пойдории истиқлолу озодии сокинони сайёра изҳори ташвиш намуданд ва ҳизбиёни шаҳрро ба беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ дар самти ташвиқу тарғиби ташаббусҳо ва ғояҳои сулҳпарваронаи роҳбарияти олии кишвар дар миқёси ҷаҳон, ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, дар толор маҷлиси кушоди Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида, пешниҳоди Шӯрои марказии ҲХДТ дар бораи номзадии Изатуллои Ҳабибзод ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дастгирӣ ёфт.
Дар фарҷоми конференсия як қатор узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бо “Сипоснома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, “Сипоснома” ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.