Ҷашни Истиқлол муборак ҳамватан!
Дар толори маҷлисгоҳи Кумита чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода оғоз бахшида, зикри он дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин рўйдоди таърихӣ ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб ёфта, барои бунёди пояҳои давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, шинохт ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимоду устуворро фароҳам овард ва бо шарофати сулҳу субот дар кишвар раванди корњои ободониву бунёдкорӣ вусъат пайдо карда, ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама қаламрави мамлакат иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бо суръат идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи муҳими тайкардаи халқи тоҷикро дар даврони Истиқлолият дар суханрониҳои худ пайваста мавриди таҳлил қарор дода, ҳифзи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ, муқаддас доштани забони давлатӣ, рӯ овардан ба нерӯю афкори ҷавонон, бузург доштани анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеаро аз самтҳои муҳими фаъолият маҳсуб донистанд.
Баъдан муовини Раиси Кумита Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин, сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос Анӯшервон, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Эмомализода Мадина доир ба дастовардҳои замони истиқлол маърӯза намуданд. Шумо хуб огоҳӣ доред, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави мамлакат бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор мегиранд. Итминони комил дорам баргузории татанаҳои идона, семинару ҳамоишҳо, чорабиниҳои фарҳангию илмӣ ва муҳим аз ҳама бо бардошт аз суханронии пурмӯҳтавои Ҷаноби Олӣ бахшида ба Рӯзи дониш сокинони мамлакат, аз ҷумла кормандони Кумита дар роҳи шинохти арзишҳои таърихии халқи тоҷик ва муҳим аз ҳама барои пойдорию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бештару беҳтар хизмат хоҳанд кард.
Дар роҳи расидан ба ҳама мақсаду мароми неки зиндагӣ бароятон барору кушоиш таманно намуда, бори дигар Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳният мегӯям- зикр намуд Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода. Бояд тазаккур дод, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармутахассиси Кумита Холназарзода Ҳусейн Холиқ бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шуд ва дар идомаи ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат чанд нафар аз кормандони Кумита бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадршиносӣ шуданд.