Иштирок дар ҳамоиши наврӯзии – “Корвони шодӣ” дар шаҳри Душанбе

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷмааи Майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзии – “Корвони шодӣ” иштирок карданд. 

Макони баргузории “Корвони шодӣ” бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ оро ёфта буд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷамъомадагони сершумори барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, иштирокдорони чорабинӣ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.     

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.

Таъкид гардид, ки дар “Шоҳнома”-и безавол, бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат дода шудааст, ки ба ин хотир, ин ҷашнро чун Наврӯзи ҷамшедӣ низ ёд мекунанд.

“Ба ин маънӣ, Наврӯз ҳамчун оғози ҳамаи шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи дигарбораи замину замон бо таърихи бостонӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули миллати тоҷик пайванди ҷудоинопазир дорад”, – иброз доштанд Сарвари давлат.

Зикр гардид, ки Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки мо наврӯзро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон нафақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош мекунем.

Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне “рӯзи нав” ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст. Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд.

Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст. Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи бедоршавии табиат, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Пешвои миллат зарур шумурданд, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту нерӯи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем.

“Мо бояд ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем”, таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат мардуми кишварро ба он ҳидоят карданд, ки пайваста хонаву кошона, маҳалли зист ва ҷойи кори худро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ доранд, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги кишвар табдил диҳанд, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла торафт густариш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки хусусан, ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ҳар яки мо, махсусан, падару модаронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳем.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд.

Пас аз суханронии табрикии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идона оғоз гардид.  

Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз дар соли равон бо ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар майдони “Истиқлол” пеш аз оғози бахшҳои идона иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз қироат карда шуд.

“Корвони шодӣ” дар маҷмӯъ аз 20 қисм – оғозу анҷом ва 18 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Парандаҳои муждарасон”, “Омадани Баҳор”, “Гулбоғи Ватан”, “Дунёи кишоварз”, “Дастархони наврӯзӣ”, “Бозиҳои наврӯзӣ”,”Дунёи ҷавонӣ”, “Тиргон”, “Меҳргон”, “Сада”, “Оташ”, “Суманак”, “Базми идона”, “Шаш ранги Ватан” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Дар “Корвони шодӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 11 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.

Бахши оғози ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” аз ниёиши ниёгон маншаъ гирифта, дар фазо Хуршед пайдо мешавад ва паёми худро, ки ифодакунандаи ҷашни Наврӯз мебошад, ба 12 бурҷи осмонӣ, чаҳор унсури ҳаёт ва чаҳор фасли сол мерасонад. Таҳти нурпошии Хуршед антураж ва ҳунармандони касбӣ торҳои нур замину олами афсонавиро эҳё намуда, онро мунаввар месозанд ва дар ин замина Қаҳрамони Наврӯз пайдо шуда, мардумро ба суруру рақс даъват менамояд.

Бахши дигари ин барномаи бошукӯҳро “Паррандаҳои Муждарасон” ташкил дод, ки аз таърихи бостонӣ доштани Наврӯз шаҳодат медиҳад.

Дар ин қисми “Корвони шодӣ” расму суннатҳои хоси баҳорона, хусусан дар осмон пайдо шудани селаи парандагон – турнаҳо, парастуҳо, шоҳпаракҳо, ки аз омадани баҳор мужда мерасонанд, хеле ҷолибу диданӣ ва дилкашу дилрабо таҷассум гардид.

“Омадани Баҳор” бахши дигари барномаи наврӯзӣ буда, дар он 12 нафар карнайнавозон Маликаи Баҳорро ба рӯи тахт даъват мекунанд.

Тахти равони Баҳор ба дарозии 20 метру паҳноии 6 ва баландии 5 метр рамзи Баҳори Тоҷикистон ва замини эҳёгаштаи гулафшонро ифода карда, дар болои он 18 нафар гулдухтарон дар сурати гулҳои лола ҳунарнамоӣ мекунанд.

Саҳна лаҳза ба лаҳза таҷдид гардида, дар он маросимҳои идона бо қаҳрамонони нав ба нав бо нақшҳои ҷолибу ҷаззоб вориди ҷашнгоҳ мешаванд.

Бахши “Дунёи кишоварз” ҳам инъикосгари суннатҳои неки наврӯзӣ буда, дар майдон Баҳор ва Наврӯз марди деҳқонро бо ҷуфти гову юғу испори бутафорӣ истиқбол мегиранд. Баҳор халтачаи гандумро ба кишоварз тақдим мекунад ва марди деҳқон ба оғози кишт ибтидо мегузорад. Дар фазои оғози кишт деҳқон ба рақс медарояд ва тавассути таҷҳизоти электронии тасвир майдон бо дастурхонҳои идона табдил меёбад.

Дар бахши “Дастархони наврӯзӣ” ду хони наврӯзии бо ранги сафеду гулдӯзиҳои ранги зард, кабуд ва сабзи дорои нақшҳои миллии ба андозаи 6 бар 12 метр ороста, анвои ғизову меваҳои ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмимро пешкаши бинандагон менамояд.

Албатта, ҷашни Наврӯзро бе бозиву ҳунарҳои мардумӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Дар ин робита бахшҳои навбатии ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” таҳти навои карнаю сурнай ва дафу чанг бо ҳунарнамоии қаҳрамонони афсонавӣ, лухтакҳо, масхарабозону дорбозҳо, аспакҳо ва ашагулон, ҳамзамон бозиҳои варзишӣ, ба шумули гуштингирӣ, бандкашӣ ва хурусҷанг бахшида шуд.

Ҳунарнамоии овозхонҳои ҷавону соҳибистеъдоди жанри эстрадӣ ва халқӣ, ки бахшҳои минбаъдаи Тантанаҳои ҷашниро ташкил доданд, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомат ва ҷилои хосса бахшиданд.

Таҷассуми ҷашнҳои миллии “Тиргон”, “Меҳргон” ва “Сада” бо истифодаи унсурҳои муосири тасвири электронӣ ҷанбаҳои алоҳидаи Ҷашни Наврӯзро ҳаматарафа инъикос ва пурра гардонид.

Қобили тазаккур аст, ки дар бахши “Сада” дар мониторҳои базмгоҳ суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо намоиш дода шуд. Дар идомаи саҳнаи мазкур ба майдон платформаи калон бо чароғҳои равшанидиҳандаи гуногунранг ба сурати пирях, ки дар болояш тахти Озар-Худои оташ ва қаҳрамонони зимистона ҷойгир шудаанд, ворид мешавад. Тахт бо истифода аз оташҳои рушноидиҳанда ба оташи фурӯзон табдил меёбад ва тавассути оташ намоиши аловпарак, ки яке аз маросимҳои қадимаи ниёгони мо маҳсуб меёбад, ба риштаи инъикос кашида шуд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, суманак яке аз таомҳое ба шумор меравад, ки маҳз ба ҷашни Наврӯз мансуб аст. Ҷой додани маросими “Суманак” дар “Корвони шодӣ” худ шаҳодати эҳёву тарғиби хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои мондагори мардумӣ мебошад.

Қисми муҳими ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” – ро ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сару либос ва таомҳои болаззати тоҷикӣ ташкил дод.  

Ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд дар ин бахш бори дигар фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бо нишон додани намунаи сару либос ва таомҳои миллӣ ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Ба майдони базм тарҳи бузурги иборат аз асбобҳои зарбӣ дар ҳавои арғушти миллӣ ворид мешавад. Шаш платформаи пур аз асбоби дойра ва ашхоси таҷассумкунандаи унсурҳои 6 минтақаи кишвар фазоро боз ҳам рангинтар месозанд. Наврӯз бо задани Дойра ба Офтоб нур мебахшад. Иштирокдорони базм бо либосҳои ифодакунандаи минтақаҳои гуногуни кишвар дар бахши “Шаш ранги Ватан” ҷашнгоҳро ба рамзи дӯстиву ҳамбастагии сокинони тамоми минтақаҳои кишвар табдил медиҳанд.

 Бо ҳамин барномаи бошукӯҳи ҷашнии “Корвони шодӣ” ба анҷом расид.

Дар қисми “Анҷом”-и чорабинӣ дар мониторҳои базмгоҳ суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз пахш гардид.

Ҳамзамон пас аз пайдоиши Наврӯз, саҳнаи майдони марказии ҷашнгоҳ ба суманаки наврӯзӣ табдил ёфта, аз майдони нур рамзи Офтоб, 12 бурҷи кайҳонӣ, чор унсури ҳаёт, чор фасли сол ва Баҳору Наврӯзи оламафрӯз дар ҳалқаи иштирокчиён пайдо шуда, Суманак ба нашъунамо шурӯъ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ намоиш дода шуд.

Таҷассуми карнавалии бузургдошти Наврӯзи ҷаҳонӣ ва марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, тавассути васоити техникии муосир ва бо истифода аз конструксияҳо ва атрибутҳои бузургҳаҷми рамзӣ, оҳангу мусиқиҳои бостонию муосир, ривоёти устуравӣ, навъҳои гуногуни этнографияи мардумӣ, либосҳо ва антуражи рангоранг ба ҷашн шукӯҳи хосса бахшид. 

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин давра як зумра расму оинҳои миллие, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё гардиданд.

Баргузории ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Дар шакли нав ва пурмуҳтаво баргузор кардани “Корвони шодӣ” дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба мардум ва меҳмонони ин ҳамоиши наврӯзӣ шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” арзи сипос карданд.

Барномаи бошукуҳи “Корвони шодӣ” бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *