Сарфакорӣ – сарчашмаи дороӣ
Дар толори Кумита бо иштироки кормандон машғулияти идоравӣ оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Хуршед зимни суханронӣ зикр- он дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки ба давлатҳои дигар низ бемисл буда, санаи 8 июни соли 2007, №272 аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад, қабул гардидааст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории мардум ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ – анъана ва маросими миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати мардум амали бениҳоят хайреро анҷом дод. Имрӯз ҳар як шаҳрванд вазифадор аст аз оилаи худ сар карда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”–ро риоя намояд ва барои татбиқи он саҳмгузор бошад.
Иҷрои талаботи Қонуни мазкур ба ақлу хирад ва маърифати оиладории насли калонсол пайванди қавӣ дорад ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти ин масъаларо дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд.
Баррасии масъала нишон медиҳад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар зиндагии аҳли ҷомеа нақши бузург дорад ва бо назардошти муҳимияти масъала санаи 9 марти соли ҷори вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Рањмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва Пешвои миллат таъкид доштанд, ки; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои мунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Қонуни мазкур бо такя бо аҳкоми шароит, маслиҳат ва машварати уламои маъруфи кишвар қабул шуда, ходимони дин бояд дар татбиқи он баробари мақомоти давлатӣ саҳм гузаронад. Вале бояд, гуфт, ки ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо, бахусус маросими манъшудаи динӣ, то ҳанӯз аз байн нарафтаанд.
Аз кормандони Кумита даъвати он шуд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар хона, маҳалҳои зист ва фаъолияти минбаъдаи кории худ риоя ва барои татбиқи талаботи он пайваста талош варзанд.