Мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия
30.06.2019 22:16, Беларус
30 июн дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст мегардад, баҳои баланд доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд