1 август дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ПРЕСС-РЕЛИЗ
оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023
Мақсади Кумита аз фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал ҷиҳати ноил гардидан ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2023, №22/10-35 оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти зеринро манзур менамояд.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи вазифаҳои низомномавӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта, дар ин замина фармоиши Раиси Кумита аз 17 январи соли 2023, №06 таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Дар ин замина, Кумитаи рушди маҳал вобаста ба таъмини иҷрои бандҳои 4, 5, 6, 13, 14, 17, 18, 29, 43, 44, 46, 50, 64 Нақшаи чорабиниҳои супориши болозикр маълумотҳои заруриро ҷамъбаст намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои ҷамъбасткунанда маълумот ирсол намуд.
Кумита бо мақсади иҷрои банди 39 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, Низомнома, меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ барои солҳои 2023-2025 ва тақсимоти вазифаҳои аъзои гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои корбарӣ пешниҳод гардид.
Инчунин, Низомнома меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматиро барои солҳои 2023-2025 ва тақсимоти вазифаҳои аъзои гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иҷро ирсол гардид.
Вобаста ба иҷрои банди 39 Нақшаи чорабиниҳои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2021, №24/10-175 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Кушониён ва Ёвони вилояти Хатлон аз 24 то 26 марти соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он маълумотнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 “Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати гурӯҳи корӣ таҳия гардида, Фармоиши Раиси Кумита аз 10 январи соли 2023, №1 ба тасвиб расонида шудааст. Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” лоиҳаҳои ҳайати гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Низомнома, тақсимоти вазифаҳои аъзоёни гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва меъёрҳои аз рӯйи номинатсияҳо муайян намудани ғолибони фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023-ро таҳия намуда, барои мувофиқа ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Инчунин, вобаста ба иҷрои банди 5 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 оид ба баргузор намудани Фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” барои соли 2023 ва маълумотҳо оид ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳо мактуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Даври ҷамъбастии фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки ғолибони озмун бо диплом ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуд ва аз натиҷаи он мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Ҳамзамон, Кумита ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои 43 ва 44 Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП321 оид ба вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён гардидаро, мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он маълумот ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.
Инчунин, дар ин давра оид рафти иҷрои банди 50 Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 оид ба таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл, амалисозии супоришҳои қаблӣ дар хусуси ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандон ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолиро мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор дода, аз натиҷаи он маълумотнома ба Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Вобаста ба таъмини иҷрои банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 “Дар бораи қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии барномаҳои минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои мониторинги барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ гардида, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.
Дар таъмини самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ доир ба амалишавии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2025 нишондиҳандаи баланд дар азхудкунии маблағҳои ба нақша гирифта шуда, дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз 88,3%, Бохтар 74,1%, Турсунзода 74,1%, Муъминобод 71,7%, Левакант 70,0%, Гулистон 64,2%, Айнӣ 63,6%, Хуҷанд 63,1%, Вахш 60,9%, Ишкошим 60,6%, Ҷайҳун 57,3%, Восеъ 55,9%, Ҳамадонӣ 54,8%, Қубодиён 54,0%, Данғара 53,0%, Хуросон 50,9%, Ҳисор 50,7% ва Шуғнон 50,5% ба назар расида, дар сатҳи муайян барои пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намудааст.
Оид ба иҷрои банди 3 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №12 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 роҳбарияти Кумита намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон вобаста гардидааст, ки бо мақсади иҷрои Амри мазкур Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар корҳои муайянеро бо сомон расонида, аз натиҷаи он маълумотнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба иҷрои банди 22 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №12 оид ба таҳлили натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати шаҳри Бохтар дар соли 2022 ва семоҳаи якуми соли 2023 ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтию судманд андешида, маълумотнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар ин радиф, моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷамъбасти соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, инчунин барои тарғибу ташвиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 27 апрели соли 2023, ҷаласаи кории Раиси Кумита бо фаъолони шаҳри Бохтар оид ба камбудиҳою норасоиҳое, ки дар ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар сафари корӣ раиси Кумита аз вазъи бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, рафти корҳои таъмирӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр, истифодаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳолати тозагии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинос гардида, бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр мулоқот баргузор намуд.
Зимни мулоқоту сӯҳбатҳо раиси Кумита аҳолиро ба вусъати корҳои сохтмонӣ, таъмини нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, ободию тозагии кӯчаву маҳал, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, сафарбаркунии кӯдакон ба лагерҳои тобистона, омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон, таъмини нақшаи кишти такрорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои дахлдор даъват намуд.
Ҷиҳати иҷрои бандҳои 80, 86 ва 91 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023, №1 ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба таъмини иҷрои босифати Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021-2025, тадбирҳои мушаххас андешида, мактуб ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ирсол намуд.
Кумита ҷиҳати иҷрои бандҳои 70 ва 94-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023, №1 оид ба ҳолати иншоотҳои ҷашние, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он мактуби дархостӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол намуд.
Кумита ҷиҳати супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2023, №11999(24) дар бораи иваз намудани номи 10 шаҳрак, 28 деҳот, 553 деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2023, №1181(24) дар бораи номивазкунии деҳаҳо, маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, ноҳияи Ашт ва иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2023, №12665(24-3) дар бораи номгузорӣ кардани воҳидҳои маъмурии ноҳияи Файзобод барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои мазкурро таҳия намуда, барои пешниҳоди хулоса ва мувофиқасозӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, дар ин давра тибқи супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаи санадҳои дуҷониба байни минтакаҳои хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор дода бо тарбиқи муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор ирсол гардид, аз ҷумла:
– лоиҳаи Созишномаи муносибатҳои дӯстона байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Петрозаводски маркази Ҷумҳурии Карелияи Федератсияи Россия;
– лоиҳаи Созишнома оид ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ/ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Липетски вилояти Липетски Федератсияи Россия;
– лоиҳаи Созишнома оид ба истиқрори муносибатҳои дӯстӣ байни шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ланҷоу, музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин;
– лоиҳаи Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Ҳариянаи Ҷумҳурии Ҳиндустон;
– оид ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Нақшаи чорабиниҳо (Харитаи роҳ) вобаста ба амалисозии Созишнома байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Омски Федератсияи Россия оид ба татбиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисодиёти хориҷӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои солҳои 2023-2025;
– барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрии яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Думёти Ҷумҳурии Арабии Миср ;
– барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар ҳошияи омодагӣ ба сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои сиғаи Осиёи марказӣ-Чин, ки санаҳои 18-19 майи соли 2023 дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин пешбинӣ шудааст, ;
– лоиҳаи “Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бунёди ҷомеаи чинӣ-тоҷикии сарнавишти ягона”-ро, ки тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин;.
– лоиҳаи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия;
– роҷеъ ба номаи даъватии Маркази табодули фарҳангии Чин бо кишварҳои хориҷии Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани Иттиҳоди байналмилалии шаҳрҳои сайёҳии Роҳи абрешим ва узвияти яке аз шаҳрҳои қадимаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, Панҷакент ва Бохтар);
– оид ба Ёддошти тафоҳум дар бораи истиқрори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар рафти сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 16-19 майи соли 2023 ба имзо расида буд;
– лоиҳаи Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ҳисари музофоти Ҳариянаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ;
– лоиҳаи Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ҳисари музофоти Ҳариянаи Ҷумҳурии Ҳиндустонро ;
– лоиҳаи Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Ҳариянаи Ҷумҳурии Ҳиндустон;
Инчунин, бо супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
5 январи соли 2023, №48509(29-3.1) дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба номаи Маъмурияти губернатори минтақаи Красноярск ҷиҳати иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 19-умин анҷумани иқтисодии Красноярск, ки санаи 1-3 марти соли 2023 ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид, хулосаи дахлдор ба унвонии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Роҷеъ ба иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2023, №5509(29.2) дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2023, №1/16-7(3809) ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим ба иқтисоди миллӣ оид ба имконияту зарфиятҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ маълумотҳои дахлдор аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ гардида, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Вобаста ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2023, №16266(29-3.1) роҷеъ ба лоиҳаи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия мавриди корбарӣ ва баррасӣ қарор дода шуда, тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо назардошти хулосаи вазорату идораҳои дахлдор дар хусуси маъқул донистан Кумита лоиҳаи санади дахлдор дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Дар робита ба барқияномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 июни соли 2015, №282 ва банди 5 нусха аз Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шомил намудан ба Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби ҷавоби омода намуда, ба унвонии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали
соли 2023, №5253 (24.5) натиҷаи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба шарҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 декабри соли 2022 анҷом додаанд, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вобаста ба дархостҳои интихобкунандагонро ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома ирсол карда шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023, №2485(24) ва 9 феврали соли 2023, №4512(24.2) оид ба таъсиси шаҳраки нав дар ҳудуди ноҳияҳои Левакант ва Восеъи вилояти Хатлонро таҳти роҳбарӣ гирифта, аз натиҷаи мувофиқасозӣ бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, маълумотнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Кумита тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, №4310(29-6.2) дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2023, №1/15-12(2782) ҷиҳати дархости намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушди (AKDN) дар бораи баргузор намудани ҷаласаи ибтидоии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории ҷомеа тавассути воситаҳои пойдории зиндагӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Сангвор” бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ширкати рушд баргузор намуда, аз натиҷаи он маълумотнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Вобаста ба супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2022, №17690(226) оид ба амалисозии Барномаи “Устуворгардонии шаҳри Хоруғ” ҷиҳати омодасозии маълумоти таҳлилӣ бо нишон додани маблағҳои азхудшуда дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ манзур намуданро мавриди баррасӣ қарор дода, дар семоҳаи аввали соли 2023 оид ба иҷроиши Барномаи болозикр, ахборот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” дар асоси паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2023, №36 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил ёфта, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои корбарӣ тибқи тартиби муқарраргардида ирсол карда шуд.
Кумита дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” дар семоҳаи якум ва нимсолаи якуми соли 2023-ро арзёбӣ намуда, маълумоти таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои корбарӣ ва ислоҳи камбудиҳо ирсол карда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар виоятҳои Суғд ба андозаи 106,5 фоиз таъмин гардида, ки аз нақша 147,1 млн. сомонӣ, Хатлон ба андозаи 102,7% таъмин гардида, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 29,2 млн. сомонӣ дар ВМКБ ба андозаи 104,4 фоиз таъмин гардид, ин аз нақша 3,1 млн. сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.
Ҳамчунин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ музди миёнаи меҳнат тамоюли афзоиш дошта, дар ВМКБ 1724,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 237 сомонӣ, вилоятҳои Хатлон ба 1484 сомонӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 265 сомонӣ, Суғд ба 1775,83 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 227,34 сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1456 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар иҷрои ҳадафҳои созандагию ободонӣ саҳми соҳибкорон назаррас буда, тамоюли зиёдшавии соҳибкорон ба назар мерасад, ки ин дар вилоятҳои Хатлон тибқи нишондоди феҳристи ягонаи давлатӣ 110272 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2645 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 56373 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 960 адад зиёд шудааст.
Дар робита ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2023, №3500(29-3.3) дар асоси мактуби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаи “Харитаи роҳ” ҷиҳати рушд додани равобити дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мактуби ҷавобӣ омода гардида, ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.
Дар ин давра Кумита ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2022, №39125(24) дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод оид ба номгузорӣ намудани деҳаи навбунёди деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободро ба деҳаи Заррез мавриди баррасӣ қарор дода, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома ирсол гардид.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2022, №32/10-164 ва банди протоколи ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак аз 28 декабри соли 2020, №4/32-02 бо мақсади иҷрои банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №835 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумотнома ирсол карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2022, №44503(24.6), мактуби тавзеҳотӣ аз 23 ноябри соли 2022, №10 “Дар бораи иваз намудани номи деҳаи Мазори боло ва деҳаи Мазори поёни деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод” мавриди баррасӣ қарор дода, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ноҳияи Тоҷикобод” таҳия намуда, ба баррасии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2023, №1444(29-6.2) марҳилаи дуюми лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор” мавриди баррасӣ қарор гирифта, хулосаи Кумита ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2023 лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории ҷомеа тавассути воситаҳои пойдори зиндагӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Сангвори минтақаи Рашт” мавриди баррасӣ қарор гирифта, хулосаи Кумита ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2021, №24/10-535 бандҳои 45 ва 46 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Хуросони вилояти Хатлон аз 27 то 29 октябри соли 2021 баён даштанд, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома ирсол карда шуд.
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2022, №24/10-233 бандҳои 3, 13, 15,17, 21, 22, 23, 25, 26, 28, 44-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон аз 16 то 18 соли 2022 баён доштанд, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома ирсол карда шуд.
Кумита дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2022, №24/10-456 маълумотномаи Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои банди 3 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2022, №5 тибқи ваколатҳои низомномавӣ корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда, маълумотҳоро дастрас ва мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба иҷрои банди 34 ва 49 супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №24/10-171 оид ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Бӯстон, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Исфараи вилояти Суғд 14-17 апрели соли 2022 баён доштанд, ҳамчун иҷрокунандаи асосии супориши мазкур рафти амалишавии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашт барои солҳои 2021-2025 ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ мавриди таҳлил қарор дода, маълумоти таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 5 лоиҳаи қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои ҳуқуқии Кумита омода гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон Кумита бо мақомоти қонунгузор Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, аз 23 феврали соли 2023, №1/6-97 пешниҳоди Кумитаро вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” манзур карда шуд.
Инчунин, аз 14 марти соли 2023, №1/6-123 вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки таҳиякунандаи лоиҳаи мазкур бевосита вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, ки аз ҷониби Кумита таҳия ва барои мувофиқа ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, аз 1 марти соли 2023, №2-2-227 бо пешниҳоди хулоса ба Кумита ворид гардид ва вобаста ба баррасӣ ва бозбинии такрории лоиҳаи мазкур бо масъулини Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо идома дорад.
Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалишавии он, фармоиши Раиси Кумита аз 19 январи соли 2023, №07 ба тасвиб расида, бо он шахси масъул, котиб ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ иборат аз 19 банд тасдиқ шудаанд, ки давра ба давра амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” нақшаи чорабинии дохилиидоравӣ иборат аз 13 банд аз 3 феврали соли 2023 таҳия ва тасдиқ шудааст, ки давра ба давра амалӣ гардида истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати такмили фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, бунёд ва таъмири биною утоқҳои корӣ ва таъмини шароити корӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” мактуби дархостӣ ба ВМКБ вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол намуд ва дар ин раванд корбарӣ идома дорад.
Бо мақсади омӯзиши рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъияти” ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2013, №АП-2209 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ, ки ҳамчун мақомоти таҷрибавӣ ҷиҳати таъсис додани шуъбаи кор бо маҳаллаҳо бо
4 воҳиди кории иловагӣ дар сохтори дастгоҳи раиси шаҳр вазифадор гардидаанд, оид ба шумораи кумитаҳои маҳалла, механизми ҳуҷҷатгузорӣ, низомнома, интихоб, таъин ва ҳавасмандгардонии раисони маҳаллаҳо, ҷиҳати дастрас намудани маълумотнома мактуби дархостӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар ирсол намуда, ҷамъоварии маълумотҳо идома дорад.
Кумита дар давраи ҳисоботӣ дар асоси мактуби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2023, №10/3-114 ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи маҳал”, “Дар бораи Тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаҳои “Тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи маҳал”, “Тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, хулосаи мушаххасро омода намуда, ба Вазорати рушди истисод ва савдо ирсол карда шуд.
Дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №181 «Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳаллаҳо» дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғохон дар Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 18 марти соли ҷорӣ сафари корӣ анҷом дода шуд.
Дар рафти сафар таҳлили нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз рӯи соҳаҳо дар солҳои
2021-2022, таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №188 дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷрои банди 5 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 оид ба баргузор намудани Фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” барои соли 2023, рафти иҷрои банди 39 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 оид ба озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ барои солҳои 2023-2025 ва ҳолати сохтмон ва таъмири биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вазъи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш маълумоти таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Дар ин давра, ҷиҳати таъмини иҷрои банди 39 ва дигар бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
9 январи соли 2023, №АП-321 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бандҳои 74 ва 82-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023, №1 ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 ва нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 рафти амалишавии Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2021-2025 Гурӯҳи кории Кумита аз 30 май то 3 июни соли 2023 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва аз 5 то 10 июни соли 2023 ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари хизматӣ анҷом дода, аз натичаи он маълумоти таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар ин давра, дар ҳошияи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия тибқи мактуби Шўрои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2023, №10 санаи 2 марти соли 2023 вохўрии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Ассотсиатсияи умумироссиягии рушди худидоракунии маҳаллӣ баргузор гардида, масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди муҳокима қарор дода, маълумотнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Робита ба ин, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ таҳия гардида, бодарназардошти хулосаи вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати баимзорасонӣ бо тартиби муқарраргардида барои корбарӣ дар баррасии Вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад.
Доир ба номаи муовини дабири кул, намояндаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Владимир Раҳманинро роҷеъ ба даъвати иштирок дар 3-юмин семинари минтақавӣ оид ба инкишофи муттаҳидонаи ҷомеа, ки санаи 6-8 июни соли 2023 дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор гардид, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо мақсади татбиқи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019, №1287 ва фармоиши Раиси Кумита аз 21 ноябри
соли 2022, №65 “Оид ба гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии Кумита” тибқи ҷадвали тасдиқгардида 21 нафар хизматчиёни давлатии Кумита ба баҳодиҳӣ фаро гирифта шуда, аз натиҷаи ҷамъбасти баҳодиҳӣ маълумот ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар асоси Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст, бо фармоиши Раиси Кумита аз 13 январи соли 2023, №04 озмун эълон карда шуд, ки санаи 16 феврали соли 2023 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаи озмун ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор ирсол карда шуд.
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2021, №30/10-08 (4) оид ба вазъи кор бо муроҷиатҳо дар мақомоти давлатӣ ва аз 13.04.2022, №30/10-83 вобаста ба қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқшуда ҳармоҳа ҳисобот пешниҳод менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 5 адад муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, саривақтӣ баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунандагон ҷавоби дахлдор ирсол карда шудааст. Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти Кумита 19 нафар шаҳрвандон шифоҳӣ қабул карда шуда, дархостҳояшон аз рўи имконият қонеъ карда шуд.
Дар ин давра ба Кумита 1138 ҳуҷҷат аз мақомоти дахлдор ворид гардида, 932 адад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатӣ, корхона ва ташкилотҳои дахлдор содир карда шудаанд.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита ворид мегарданд, дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намуда, вобаста ба иҷрои вазифаҳои низомномавӣ пайваста тадбирҳо меандешад.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро барои пешбурди кор дар нимсолаи дуюми соли 2023 ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ 3, тел.: 224-71-50, www.ldc.tj