Мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ

18.08.2020 15:05, шаҳри Душанбе

18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, анҷоми тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахш, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар саросари кишвар, таъмини биноҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ андешаронӣ карда, соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар давоми қариб се даҳсолаи охир соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Вохӯрии имрӯза ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ – Абӯалӣ ибни Сино рост омад ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни мулоқот ва тамоми кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳншавӣ ва паёмадҳои бемории сироятии нави короновирус COVID-19 андешаронӣ карда, хизматҳои арзанда, шуҷоати табибон ва ҳамшираҳои шафқатро дар муассисаҳои тиббии кишварамон махсус зикр намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор орзу карданд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо Амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд. Инчунин бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, то ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст. Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва ширкатҳои хусусиро, ки аз ҳисоби корхонаҳои худ барои беморхонаҳо маводи ғизоӣ, либоси махсус, ниқоб, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карданд, назаррас арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланде, ки дар рӯзҳои сангини бемории сироятӣ соҳаи тандурустиро дастгирӣ карданд, ба табибону ҳамшираҳои шафқат кумак намуданд, ба суратҳисоби махсус маблағ гузарониданд ва дар паст кардани шиддати ин беморӣ ёрмандӣ расониданд, изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастовардҳо, норасоиҳо ва вазифаҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани солимии мардуми кишварамон, ки сарвату боигарии бебаҳои давлат аст, суханронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта, беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, татбиқи амалии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мушкилоти соҳа ба роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад.

Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 711 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 150 ҳазор маъюбон, ки беш аз 27 ҳазори онҳоро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шуда, қариб 15 фоизи хонаводаҳо ҳамчун оилаҳои камбизоати кишвар аз кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархурдор мебошанд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи тандурустӣ Гавҳар Саидмуродова, Муҳаммад Ҳусейнов, Манучеҳр Давронзода, донишҷуён Рудоба Мамнурова, Руъёи Талбакзода ва Маҳбуба Раҳмонова баромад карда, барои дастгириҳои рӯзафзун нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити созгори донишомӯзи ба Президенти мамлакат изҳори сипос намуданд.

Дар Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоиста бар нафъи давлату миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи короновирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.

Ҳамин тавр бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани ёрии тиббӣ ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ – Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти баланди ҳамшираҳои шафқат ва табибон хизматҳои шоёни онҳоро ёдовар шуда, аз номи Роҳбарияти давлату Ҳукумат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳоро шахсан ба кормандон тақдим карда, ба онҳо саломатию сарбаландӣ ва дар оянда низ адои хизмати софдилона ба халқу Ватанро орзу намуданд.

Дар охири чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хешро ҳимоя менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *