Вохурии Кумитаи рушди маҳал ва Филиали Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (ГОПА)
Рӯзи 30 июли соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумита бо роҳбари Филиали Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (ГОПА) Елена Максименко вохурӣ намуд. Дар вохурӣ Барномаи ҳамкорӣ, ки дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамзамон, масъалаҳои гендерӣ, пешгирии зуроварӣ дар оиладар сатҳи маҳал ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки оянда ҳамкориро идома диҳанд.