Нишасти матбуотӣ дар Кумита
1 августи соли 2023 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита, муовини якуми Раис, сардорони раёсатҳо, шуъбаю бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро бо намояндагони воситаҳои ахбори омма Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуда, ки нишасти матбуотӣ барои таъмини шаффофияти фаъолияти Кумита ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъд бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор мегардад.
Дар нишаст намояндагони васоити ахбори омма оид ба гузаронидани арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи се, шаш, нуҳ ва солонаи соли 2023, ҳамоҳангсозии вазорату идораҳо ва мақомотҳои иқроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, рафти иҷрои нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири ин ба вазъи марҳилавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, натиҷаи корҳои анҷомдодаи Кумита бо таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ (пешрафти иқтисодӣ, рушди кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, вусъати шуғли пурмаҳсул) бо дастгирии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол карда шуда, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва татбиқи сиёсати соҳавии вазорату идораҳо мусоидат карда шудаанд, аз ҷониби Раиси Кумита ҷавобҳои қонеъ гирифтанд.