Баргузории ҷаласаи Ҳайати мушовара дар  шаҳри Роғун

 Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун   бо мақсади омӯзиш ва  татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025” дар солҳои 2021-2024 ва 3 моҳи соли   2025 бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раиси  шаҳри Роғун   Саидзода Сунатулло, аъзоёни Ҳайати мушовара,  намояндагон аз вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Кори ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси  шаҳри Роғун   Саидзода С. оғоз намуд, баъдан раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон ҳозиринро ба рӯзнома ва регламенти корӣ шинос намуд.

Аз рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои  2021–2025” сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита Ҳайётов Н.Г. маърӯза намуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025”дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун 12 апрели соли 2021, таҳти №72  бо амалишавии 88 лоиҳа ба маблағи 204 миллиону 700 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида, ба барнома ягон маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда нашудааст.

  • 28 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ бо маблағи 19,1 млн. сомонӣ ё 9,4%,
  • бахши иҷтимоӣ 30 лоиҳа бо маблағи 54,3 млн. сомонӣ -26,5%,
  • ба бахши инфрасохтор 17 лоиҳа бо маблағи 124,7 млн. сомонӣ – 60,9%
  • бахшҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи муҳити зист ва таъминоти захиравӣ 13 лоиҳа бо маблағи 6,4 млн.сомонӣ.

 Аз маълумоти зикршуда бермеояд, ки дар барнома ба рушди иҷтимоии шаҳр афзалият дода шудааст.

 Барои татбиқи Барнома

– аз ҳисоби: буҷети ҷумҳуриявӣ 60,4 млн. сомонӣ (29,5%);

– буҷети маҳаллӣ  42,1 млн. сомонӣ (20,5%);

– сармояи хориҷӣ 63,2 млн. сомонӣ (30,8%)

– бахши хусусӣ (соҳибкорон) 39,1 млн. сомонӣ (19,1%)  маблағ ҷудо гардидааст.

Дар давоми солҳои 2021-2024 маблағи ба нақша гирифтаи чорабиниҳо, ки бояд аз худ карда шаванд ба тариқи зайл аст:

– соҳаҳои саноат 1,7 млн. сомонӣ (0,8%),

– кишоварзӣ 2,9 млн сомонӣ (1,4%)

– сохтмон 9,8 млн сомонӣ (4,8%),

– маориф 16,5 млн сомонӣ (8,1%),

– тандурустӣ 11,5 млн сомонӣ (5,7%),

– фарҳанг 9,1 млн сомонӣ (4,5%),

– сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон 17 млн сомонӣ (8,3%)

– хоҷагии манзилию коммуналӣ ва таъминот бо оби ошомиданӣ 54 млн сомонӣ (26,4%),

– нақлиёт ва роҳ 66,2 млн. сомонӣ (32,3%)

– таъминоти барқ 4,4 млн сомонӣ (2,2%),

– ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи муҳити зист 6,2 млн сомонӣ (3,02%)  рост меояд.

Таҳлилҳо дар самти лоиҳаҳои амалигардида нишон медиҳад, ки аз шумори умумии 88 лоиҳаҳои банақшагирифташуда дар “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025” то ин давра 53 лоиҳа ба пуррагӣ иҷро ва 11 лоиҳа мавриди амал қарор дорад.

Натиҷаи таҳлил муайян намуд, ки то ин давр аз 88 лоиҳаҳои ба нақша гирифташудаи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025” 21 лоиҳа ба маблағи 69,9 млн. сомонӣ бинобар сабабҳои дарёфт нагардидани маблағ аз ҷониби соҳибкорон, саривақт дастрас нагардидани ҳуҷҷатҳои зарури вобаста ба гирифтани қитъаи замин, ҷалб нагардидани сармояи хориҷӣ амалишавии ин лоиҳаҳо то ҳол оғоз нагардидааст, аз ҷумла:

Соҳаи саноат 3 лоиҳа ба маблағи 85 ҳазор. сомонӣ;

Соҳаи сохтмон 2 лоиҳа ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ;

Соҳаи фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш 5 лоиҳа ба маблағи 9,1 млн. сомонӣ;

Самти таъминот бо оби нӯшокӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 6 лоиҳа ба маблағи 52,5 млн. сомонӣ;

Самти таъминот бо барқ 1 лоиҳа ба маблағи 3,1 млн. сомонӣ;

Самти ҳифзи муҳити зист 1 лоиҳа ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ;

Самти ҳолатҳои фавқулодда 1 лоиҳа ба маблағи 100 ҳазор. сомонӣ;

Самти таъминоти захиравӣ 2 лоиҳа , ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ.

Таҳлилҳои гузаронидашуда муайян намуданд, ки дар давоми солҳои 2021-2024 ва 3 моҳи соли 2025 корҳои анҷомдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ дар раванди татбиқи сиёсати соҳавӣ барои амалигардонии лоиҳа – чорабиниҳои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021 – 2025» вазъи марҳилавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар сатҳи муайян таъмин намудааст.

Пас аз баррасӣ ва пурсиши масъалаҳои ҳалталаб Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода зимни суханронии худ зикри он дошт, ки  баргузорӣ ва баррасии масъалаи рӯзнома аз он шаҳодат медиҳад, ки Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан татбиқ намуда, ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар мулоқот бо сокинон баён доштанд, корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Чунон ки аз ҳисоботи пешниҳодгардида, бар меояд аз 88 лоиҳаи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025” дар 21  лоиҳа ба маблағи 69,93 млн. сомонӣ   иҷрои корҳо то ҳол оғоз нагардидааст.

Бо назардошти афзоиши аҳолӣ мо бояд аз ҳоло нақшаи фаъолияти худро чунон таҳррезӣ намоем, ки ба таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат мусоидат намояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки татбиқи ҳама гуна ҳадафу мақсадҳои давлатдорӣ аз рушди соҳаи иқтисод, махсусан  ғанигардонии буҷет, рушди соҳаи саноат сарчашма мегирад.

Саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, барои расидан ба ин мақсади муҳими давлатдорӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардидааст.

Аз маълумоти дастрасгардида бармеояд, ки дар семоҳаи аввали соли 2025  дар шаҳри Роғун ба маблағи 80 млн.сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида,  4 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва дар давраи ҳисоботӣ корхонаи саноатӣ бунёд нагардидааст.

Давоми соҳои 2021-2025 мо натавонистем  дар соҳаи саноат 3 лоиҳа пешбинигардидаро ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи сохтмон 2 лоиҳаро   ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 6 лоиҳаро ба маблағи 52,5 млн. сомонӣ ва дар самти таъминот бо барқ 1 лоиҳаро ба маблағи 3,12 млн. сомонӣ татбиқ намоем, ҳол он ки амализосии лоиҳаҳои мазкур метавонист дар самти рушди соҳаи саноати шаҳр мусоидат намояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Роғунро зарур аст дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи талаботи Стратегияи миллии рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2019, №181 “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо”, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар рафти таҳияи Барнома ба назар расида, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, аз ҳоло барои таҳияи  “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2026-2030” ва таҳияи барномаҳои ҷамоатҳои деҳот бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, ба Барнома лоиҳаҳоеро ворид намоянд,  ки барои бартарафсозии мушкилоти дар маҳал ҷойдошта ва таъмини зиндагии хуби аҳолӣ мусоидат намояд.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 5,7 млн. сомонӣ расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта (5,1 млн. с) 639,7 ҳазор сомонӣё 112 фоиз зиёд мебошад.

Ҳарчанд лоиҳаҳои дар Барнома пешбинигардида татбиқ шуда бошанд, ҳам дар шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани шумораи гармхонаю сардхона беҳбудиро тақозо дорад.

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ва фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқавории кишвар мусоидат намоянд.

Дар соҳаи иҷтимоӣ ҳам ҳарчанд пешравиҳо ба назар мерасанд, мо бояд барои таъмини соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо мутахассисони соҳибмаълумот, беҳтар намудани сатҳи донишу малака, хизматрасонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва вусъати корҳои тарғиботӣ дар самти шинохти дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, худшиносию худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯсти тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоем.

 Мақсад аз баргузории ҷаласаи сайёри  Ҳайати мушовараи Кумита дар баробари омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ дар як вақт дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ дарёфти роҳҳои беҳбуди фаъолият, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои татбиқи Барнома маҳсуб меёбад ва мо ба ҳадафҳои дар Барнома зикргардида ҳамон вақт ноил мегардем, ки дар шаҳр рушди саноатро бо таъсиси коргоҳу корхона, таъсиси ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида, истеҳсоли маҳсулотро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ барзиёд таъмин намоем ва муҳим аз ҳама нақшаи корҳои созандагию бунёдкориро бахшида ба ҷашни муқаддас – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар амал татбиқ намуда, барои сокинони шаҳр шароити хуби зиндагӣ муҳайё намоем.

Боварии комил дорам, ки иштирокчиёни маҷлиси имрӯза, фаъолони  шаҳр моҳияти вазифаҳои баёншударо ба хубӣ дарк менамоянд ва ҷиҳати амалӣ гаштани масъалаҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

 Доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдори ҷаласаи Ҳайати мушовара қабул гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *