Шарҳи “Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Санаи 28 июли соли 2023 дар асоси фармоиш ва нақша чорабиниҳо оид ба гузаронидани машғулиятҳои идоравӣ дар соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории Кумита машғулияти идоравӣ дар мавзуи шарҳи “Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус зимни маърӯза зикри он дошт, ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.
Инчуин, дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳо аз қабили садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофият дар хизмати давлатӣ, таҳаммулпазирӣ, поквиҷдонӣ ва беғаразӣ шарҳу тавзеҳи худро ёфтааст.
Баъдан музокираи масъала баргузор гардид ва кормандон ба пурсиши худ посухи эътимодбахш гирифтанд.