Сайри гули лола

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ситоди фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ва вазифагузорӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон зикри он дошт, ки бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамасола бо ибтикор ва ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Баргузории ҷаласаи кории имрӯза низ барои муҳокимаронии масъалаҳои фарогир вобаста ба баргузории фестивали «Сайри гули лола» равона гардида, дар он аъзоёни гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иштирок доранд.
Фестивали мазкур аз рӯи номинатсияҳои «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.
Хотирнишон бояд кард, ки ҳамасола шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар Тоҷикистон таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо баргузор гардида, соли ҷорӣ ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.
Даврҳои якум ва дуюми фестивал аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланд баргузор гардида, тибқи низомнома ва санадҳои қабулнамуда корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳо, аз ҷумла гули лола, дарахтони ороишӣ, бунёди хиёбон ва боғу токзорҳо вусъати тоза касб намуда, ба натиҷаҳои хуб мушарраф гардидаст.
Акнун моро зарур аст, барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ҷамъбаст намудани даври ҷумҳуриявии фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола” имрӯз дар баробари маълумот гирифтан аз натиҷаи корҳои иҷро шуда, вазифаҳои минбаъдаро низ тарҳрезӣ намоем.
Баъдан оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти даври дуюм ва рафти корҳо омодагӣ ба даври ҷамъбастӣ сухан ба Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, оид ба андешидани чораҳои зарурӣ барои дар сатҳи муносиб ҷамъбаст намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ба муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф суханронӣ намуданд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Д., муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, намояндаи раиси ВМКБ Кучакшоев Акрам, муовини раиси вилояти Суғд Қурбонзода Суҳайлӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Ваҳдат, Тоҷикобод ва Лахш аз натиҷаи корҳои дар маҳал иҷрошуда маълумот доданд.
Дар анҷоми кори ситод муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон иҷрои корҳои зеринро муҳим арзёбӣ кард.
 
Мавриди тарғиб қарор додани моҳияти баргузории фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар оилаҳо, маҳалаву деҳаҳо, шаҳраку муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва дигар ташкилоту идораҳои дар маҳал фаъолияткунанда, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зсбоишиносӣ, фарҳанги диёрдорӣ ва тақвияти маърифати экологии сокинон, таъмини иштироки мутахассисони соҳа ва аҳолӣ дар баргузории чорабинии ҷамъбастии фестивали гулҳо «Сайри гули лола» бо таъсиси гӯшаи махсуси соҳавӣ, ки 26 апрели соли 2025 дар боғи ба номи Абулқосим Фирдасвии пойтахт баргузор мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *