Муборизаи дастаҷамъона мебояд…
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати таҳдиди хатаромези падидаҳои коррупсионӣ дар ҷомеъа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, мақомотҳои қудратиро вазифадор намуданд, ки нисбати ин падидаи номатлуб муборизаи беамон бурда, дар ин кор бо ҷалби бештари аҳли ҷамоатчигӣ чораю тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷро нақшаю барномаҳоеро, ки ба ин самт нигаронида шудааст, таъмин намоянд.
Масъалаи таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, устувории ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи чаҳон чун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва сарзамини мардуми тамаддунофар аз самтҳои муҳими сиёсати ояндабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ин нуқта дар суханронию мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷомеа пайваста таъкид мегардад. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат масъалаҳои мубориза бар зидди муқовимат бо коррупсия ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои муташаккили транс миллиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ арзёбӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки дар роҳи бунёди давлати тозаистиқлол мо бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва Истиқлолияти давлатии худро чун гавҳари чашм ҳифз ва эҳтиёт намоем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза дар қатори хавфу хатарҳои равандҳои тундраву таҳрибкор, экстремизм, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир хавфу хатари коррупсия низ паҳн гардида, боиси нигаронӣ низ гардида, дар ҷомеаи имрӯза яке аз мушкилоти глобалие, ки ҷомеа ҷаҳониро мисли экстремизм ва тероризм ба ташвиш овардааст, ин масъалаи коррупсия мебошад.
Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комил ҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Старетегияи муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 қабул гардида, мавриди иҷро қарор дорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд;
Коррупсия ба пешрафти иктисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ, зарба мезанад.
Таърихи инсоният, махсусан вазъи кунунии ҷаҳони муосир ишорат бар он дорад, ки муқовимат ба экстремизм ва тероризм кори ҷамъи ҷомеа буда, таҳо дар ҳамдастию ҳамфикрӣ мо метавонем оромоию осудагии ҷомеаро таъмин намоем.