Қосим Роҳбар: “Истиқлолият таъмини зиндагии шоиста ва ростои пешрафту тараққӣ”
Имруз дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд.
Ҷаласаро Раиси Кумита Қосим Роҳбар оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Дар давоми бисту ҳашт соли Истиқлолият бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем.
Озод будан ва давлати соҳибихтиёру мустақил доштан худ бахти бузург аст ва мо ҳама шоҳидем, ки бо шарофати истиқлолият ва аз баракати соҳибихтиёрӣ мо дар ҷодаи таъмини зиндагии шоиста ва ростои пешрафту тараққӣ чи гуна қадамҳои азими созандагӣ бардоштем иброз дошт раиси Кумита Қосим Роҳбар.
Сипас раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Кумита Наимзода Мустақим бо барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020-ро дар бар мегирад ва зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум аст” вориди интихобот гардида раъйи бештари мардумро ба даст овардааст баромад намуд. Дар фарҷом аз фурсати муносиб истифода бурда, се нафар кормандон бо узвияти ҲХДТ қабул шуданд.