Анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт
27.06.2019 07:18, ноҳияи Рашт
27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони ноҳияи Рашт чун расми истиқболи меҳмони олиқадр бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум аз сарвари хирадманди хеш сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 24 то 27 июн бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор доштанд.
Дар ҷараёни сафари бобарору созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъиноти гуногунро, ки аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо, натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.
Зимни мулоқотҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияҳоро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро барои вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.