Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *