Конститутсия таъмини волоияти қонун

05.11.2020 

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори 26-умин солгарди қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳизбии ҲХДТ  баргузор гардид.  

Дар оғози суханронӣ Раиси Кумита Қосим Роҳбар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда кормандони Кумитаро ба ин санаи фархунда табрик гуфт.   Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро  бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоботи мақомоте, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик мебошад гуфт зимни суханронӣ Раиси Кумита Қосим Роҳбар.

Сипас  Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Кумита Наимзода М. Л.  доир ба муқаррароти моддаи 3, банди 2 Оинномаи ҲХДТ  оид ба қабули кормандон ба узви ҲХДТ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти кадрҳо 3 нафар кормандони Кумитаро барои ба узвият ба ҲХДТ  қабул намуданд.

Пас аз муҳокимарониҳо ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён аз ҷониби Раиси Кумита ҷамъбаст гардида, ба тамоми кормандони Кумита  барору комёбиҳо таманно гардид.