Вохурии кормандони Кумита бо ҳайати GIZ
Рӯзи 4 сентябри соли 2019, соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Кумита вохӯрии намояндагони Кумитаи рушди маҳал Исмоилзода Ё. Б. муовини Раиси Кумита, Салоҳиддинов С. А. – муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал, Заиров А. А. сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал бо намояндагони дафтари марказии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZ) Себастиян Бервангер ва Нозигул Хушвахтова ва коршиноси байналмилалии аз кишвари Олмон – профессор Франк Блисс баргузор гардид.
Мавзӯи вохӯрӣ татбиқи марҳилаи нави Барномаи “Мусоидат ба рушди фарогири иқтисодиёти деҳот барои беҳбудии аҳолӣ” (TRIGGER) мебошад.
Кори ҷаласаро муовини Раис Кумита бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро барои бори аввал ташриф овардан ба Кумитаи рушди маҳал аз номи худ ва Раиси Кумита хайрамақдам намуда, кору фаъолияти Кумитаро ба меҳмонон муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин тадбирҳои оид ба таҳия ва татбиҳи лоиҳаҳои маҷмўи рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои марзию маъмуриро татбиқ менамояд.
Дар охири ҷаласа тарафҳо ба хулоса омаданд, ки Кумитаи рушди маҳал бо Ташкилоти байналмилалии (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо вобаста ба рушди маҳал ҳамкориро ба роҳ монда, вохўрию ҷаласаҳои судманд минбаъд низ баргузор карда мешавад.