Иштирок дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
22 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст ба ҷониби Россия барои пазироии самимӣ ва анҷоми раёсати бобарори ин ҷониб дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуданд.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи нақши институти мушоҳидаи байналмилалии интихобот дар рушди демократия ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаҳои худро иброз намуданд.
Зикр карда шуд, ки мушоҳидаибайналмилалии равандҳои интихоботва раъйпурсӣ аз муҳимтарин унсурҳои ҳамкории сиёсиву ҳуқуқии байни кишварҳо ба ҳисоб рафта, нақши он дар такмили танзими ҳуқуқӣ ва заминаи қонунгузории миллии омодагӣ ва гузаронидани интихоботҳо, назаррас аст.
Дар идомаи кори ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.