Ҳизби  саодатбахши халқ

Дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №2 ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 20 ноябри соли 2024    Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии ташкилоти ибтидоии “Рушд” бахшида ба  30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузоргардид, ки дар кори он раиси ташкилоти ибтидоии “Рушд”, Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Қурбонзода Убайдулло, намояндаи Маркази тадқиқоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зубайдулло, ҳамчунин собиқ кормандони Кумита Қурбонзода Бег Хол, Риозода Нуралӣ, Нарзуллозода Қурбонбӣ  ширкат варзиданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Рушд”, Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода дар сухани ифтитоҳии худ зикри он дошт, ки таҷлили  30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сокинони мамлакат, аз ҷумла аъзоёни ҳизб рӯйдоди фараҳбахш маҳсуб ёфта,  имрӯз бо эътимод метавонем иброз намоем, ки сокинони мамлакат ҲХДТ-ро чун такягоҳу раҳнамои ҷомеа шинохтаанд ва нисбати фаъолияти он эҳтироми самимӣ доранд.

Эътиқоду боварии халқ ба ҳизби мо аъзоёнро вазифадор менамояд дар гуфтору рафтор ва пешбурди  сиёсати хирадмандонаи Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дигарон дар баробари шоистаи ибрат будан, раҳнамову амалисози нақшаҳои муҳими давлатдорӣ ва Ҳукумати мамлакат низ бошем.

 Баъдан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қурбонзода Убайдулло,  намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Зубайдулло, собиқ кормандони Кумита  Риёзода Нуралӣ ва Қурбонзода Бег Хол суханронӣ намуданд ва ду нафар ҷавонон ба аъзогии ҳизб пазируфта шудаанд.

 Раиси ташкилоти ибтидоии “Рушд”, Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода зикри он дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш рисолати сулҳу ваҳдатофаринӣ, бунёдкорию созандагиро ба зимма дошт ва давоми 30 соли мавҷудияташ нишон дод, ки чун нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба чунин рисолати худ содиқ аст.

Мову Шумо хуб огоҳ ҳастем, ки вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.

Иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагӣ ва баъдан
35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдориамон, аз ҷумла дар ҳаёт ва фаъолияти аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳаввулоти муҳимеро дар ҳама самҳои фаъолият рӯи кор оварда, кишвари мо марҳалаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро паси сар намуд.

Чун мо дар арафаи ҷамъбасти соли фаъолият  қарор дорем аз  иҷрои нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Рушд”  бармеояд, ки дар раванди созандагиву ободкорӣ аъзоёни Ҳизби мо дар байни ҷомеа бо иҷрои корҳои созандаву саодатбахш мақоми наззарас дошта,  ҳамчун нерӯи пешбаранда барои ободӣ ва гул-гулшукуфии мамлакат пайваста азму талош доранд.

Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар пешбурди ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ саҳми мунир мегузорад.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш рисолати сулҳу ваҳдатофаринӣ, бунёдкорию созандагиро ба зимма дошт ва  дар давоми мавҷудияташ нишон дод, ки чун нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба чунин рисолати худ содиқ аст.

  Ташкилоти ибтидоии “Рушд”  ҳамкориро бо Кумиҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст ва чорабиниҳои муштараки мо ҳамеша барои боз ҳам муттаҳидтар гардидани нерӯҳои солимфикри ҷомеа мусоидат мекунанд.

Нақши аъзоён ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хусусан дар маъракаҳои интихоботӣ, чорабиниҳои расмӣ, ташвиқоту тарғибот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, аёдату дастгирии ниёзмандону маъюбон, пешгирии падидаҳои номатлуб, ба созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани аҳли ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ, бунёд, таъмиру таҷдиди иншооти ҷашнӣ бахшида 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ниҳоят чашмрас аст.

Ташаббусҳои ҷолиби Кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мо доимо дастгирӣ менамоем, зеро сиёсати  он бо сиёсати Ҳукумати кишвар як аст, аъзоёни ин ҳизб низ саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолиятро шарафи бузург меҳисобанд.

Дар баробари пешрафту дастовардҳои назаррас мехоҳам таъкид намоям, ки аъзоёни ҳизб бояд дар иҷрои вазифаи худ бештар масъулиятшинос бошанд. Дар баробари афзун намудани шумори аъзоёни ҳизб мо бояд,  аз нигоҳи дорои маълумот, синну сол ва нақши онҳо дар пешбурди сиёсати Ҳукумати мамлакат ва ҳизб баҳогузорӣ намоем.

Мову шумо як нуктаро бояд дар хотир дошта бошем, ки ба боварии халқ сазовор шудан худ саодати бузург аст ва мо вазифадорем ба қадри ин саодат бирасем ва ҳамдаму ҳамқадами халқ бошем, муттаҳидию муташаккилӣ, масъулиятнокӣ ва ҳушёрии сиёсии аъзоёну фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъмин намоем.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Рушд”  бо дарки масъулият дар назди наслҳои ҳозираю оянда, пуштибониро аз соҳибихтиёрии давлат, эҳтиромгузориро аз ҳуқуқу озодиҳои шахс  аз вазифаҳои муҳим ҳисобида, дар ин самт пайваста корҳои азимро ба анҷом мерасонанд.

Дар ҳама самтҳои фаъолият мо вазифадор ҳастем, ки таҳкимбахши дӯстии тамоми халқияту миллатҳо ва бунёдгари ҷомеаи адолатпарвар бошем.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб намоям ин нигоҳдории фазои солим ва дорои маърифату тамаддуни миллӣ дар воситаҳои ахбор аст. Дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо мо бояд зиркаии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем ва нагузорем, ки гурӯҳе ва ё шахсе ба мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок фазои моро халалдор намояд.

4 декабри соли 2024 Фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ” ба тасвиб расид ва тибқи нишондоди он 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва 28 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳар як аъзои ҳизб вазифадор аст, барои дар сатҳи баланди маънавӣ баргузор гардидани маъракаи интихобот, амалисозии ҳадафу мақсадҳои оиномавии ҳизб ва дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Раиси ҳизб, Пешвои муаззами миллат дар анҷумани навбатии ҳизб баён мегардад, кору фаъолият намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон Тоқикистон бештару беҳтар саҳмгузор бошад. Боварии комил дорам, ки  баргузории  чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари боз намудани саҳифаи нав дар таърихи ҳизб ва мусоидат ба пешрафти кори ҳизбӣ самтҳои асосии фаъолияти ҳизбиёнро дар  пиёдасозии олитарин ормонҳои миллию ҳизбӣ муайян менамояд ва кӯшишу ғайрати якҷояи мо боиси боз ҳам афзудани обрӯю нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *