Тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 24 январи соли 2022 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок кормандон шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохил ва хориҷӣ” баргузор гардид.
Зимни баромади сардори Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Шукурӣ Ф.А. қайд намуд, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар марҳалаҳои кунунӣ ва минбаъдаи рушди кишвар идома бахшидани ислоҳот ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми идораи давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии он зарур мебошад. Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардида, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ барои таҳия ва пешниҳоди як қатор Стратегия ва Консепсияҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.
Дар ҷамъбаст Раиси Кумита Қосим Роҳбар зикр намуд, ки «Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифта, дар он натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 30 – соли Истиқлоли давлатӣ ҷамъбасту таҳлил ва дурнамои сиёсати давлатӣ то соли 2026 муайян гардид.
Дар ин ҷода ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита вобаста ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд, таҳия ва пешниҳод намудани Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт.