Мулоқот бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа
20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот вазъи феълии ҳамкорӣ ва дурнамои тавсеаи он миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои судманди кишвар бо Хазинаи ОПЕК густариш ёфта, ба таъмини рушди устувори мамлакат нигаронида шудаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкориҳоро дар самти татбиқи тарҳҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли “неруи сабз” барои пешбурди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин самт имкониятҳои фаровон мавҷуд аст.
Зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвари мо, аз ҷумла дар соҳаҳои зикргардида зарур шумурда шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.