«Конститутсия – бахтномаи миллат»

Дар толори маҷлисгоҳи Кумита чорабиниии тантанавӣ бахшида ба 30-юмин  солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро Раиси Кумита оғоз намуда,  зимни суханронии худ иброз намуд, ки: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.

Дар таърихи начандон тӯлонии истиқлол роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатҳи қонуни олии мамлакат интихоб намудани халқи тамаддунсози тоҷик нишонаи барҷастаи хирад ва суннатҳои таҳаммулгарои он мебошад.”

 Амали Конститутсия давоми сӣ сол нишон дод, ки он воқеан маҳсули андешаи миллӣ ва баёнгари  арзишҳои  давлатдории мо буда, чун ҳуҷҷати сарнавиштсоз  дар худ бунёди сохти давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва  меъёрҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро таҷассум намуда, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат менамояд. Баъдан муовини Раиси Кумита Давлатзода Н.С. дар мавзӯи «Конститутсия – бахтномаи миллат» ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р дар мавзӯи «Эҳтироми қонун-эҳтироми ҷомеа» суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ Раиси Кумита  бо ёдкарди нақши Конститутсия таъкид намуд, ки Конститутсия бо ифодаи дигар  шиносномаи миллат мебошад, зеро он  сарчашмаи асосгузорандаи ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқӣ буда, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ бояд бо Конститутсия мувофиқ бошанд, вагарна эътибори ҳуқуқӣ пайдо намекунанд.  Имрӯз боэътимод метавон иброз намуд, ки маҳз бо такя ба нишондодҳои Конститутсия дар Тоҷикистон фазои осоиштаву босубот, Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, халқи тоҷик дар зери раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба рушди ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ дастёб ва чун давлати калидӣ дар ҳалли мубрамтарин масоили сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Омили муҳими  расидан ба ин мақоми шоиста бунёди давлати воқеан демократӣ, эҳтироми қонуну қонунгузорӣ, фароҳам овардани заминаи мусоиди фаъолият ба ҳар узви ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ҷашни 30-юмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллии тоҷикон ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон  аҳамият ва шукӯҳи хосае дорад. Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонид. Аз ин нуқтаи назар тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 30 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлат гардидааст, натиҷаи хирад ва заковати азими  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон меҳисобем, зеро маҳз бо иродаи Пешвои миллат ва аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоилҳои умдаи байналмилаллӣ ба инобат мегиранд.

Кормандони Кумитаро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, сулҳу оромӣ, устувории ваҳдати миллӣ, осмони софу беғубор, зиндагии фаровон аз неъмат ва  пешрафту шукуфоии ҷомеаро орзу дорам.

 30-юмин солгарди санади муқаддас ва тақдирсоз муборак ! Дар анҷом чанд нафар аз кормандони Кумита бо назардошти саҳми назаррас дар тарғиби волоияти қонун, муқаддасоти миллӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ бо Сипосномаи Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *