Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бо мақсади омӯзиш ва баррасии рафти татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025” дар солҳои 2021-2023 ва 9 моҳи соли 2024 дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2024 №36653 (24-4) баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода, аъзоёни Ҳайати мушовара, раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур Тағой, муовинон ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарои корхонаву ташкилот ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021 – 2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод аз 29 июни соли 2021, №101 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Ба Барнома 186 лоиҳаи афзалиятнок бо маблағи 259,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 72 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ бо маблағи 109,8 млн. сомонӣ ё 42,3%, ба бахши иҷтимоӣ 62 лоиҳа бо маблағи 61,2 млн. сомонӣ ё 23,6%, ба бахши инфрасохтор
33 лоиҳа бо маблағи 81,3 млн. сомонӣ ё 31,3% ва бахшҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи муҳити зист ва таъминоти захиравӣ 19 лоиҳа бо маблағи 6,9 млн.сомонӣ ё 2,6% рост меояд, яъне дар барнома ба рушди иқтисодии ноҳия афзалият дода шудааст. Барои амалӣ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 259,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла, аз ҳисоби: буҷети ҷумҳуриявӣ
24,1 млн. сомонӣ (9,2%); буҷети маҳаллӣ 8,3 млн. сомонӣ (3,2%); соҳибкорон ва маблағҳои худӣ
119 млн. сомонӣ (45,9%) ва сармояи дохилӣ ва хориҷӣ 107,6 млн. сомонӣ (41,5%) ташкил медиҳад.
Раиси Кумита пас аз барраси масъала суханрони намуда, аз ҷумла зикри он дошт; Бо назардошти он ки вазъи татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021 – 2025” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ин чо зикри он дорам, ки мо бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои Барнома ва дарёфти сарчашмаҳои мабалағгузорӣ корро беҳтар ба роҳ монда, барои ислоҳи камбудиҳои мавчуда саривақт чорачўӣ намоем.
Барномаи миёна муҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” яке аз барномаҳои муҳим дар самти таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб меравад ва омўзиши масъала нишон медиҳад, ки нисбати иҷрои талаботи Барномаи мазкур қарори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он ба тасвиб нарасидааст. Дар як вақт масъулини соҳаро зарур аст Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
2 августи соли 2019, №181 бояд мутобиқ гардонида, барои ислоҳи камбудиҳои дар ин самт мавҷуда чораҷўӣ намоянд.
Аз ҳисоботи дастрасгардида бармеояд, ки дар 9-моҳи соли 2024 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар ноҳияи Файзобод ба андозаи 108 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 74 миллиону 929 ҳазор сомонӣ дар нақша пешбинишуда, ба буҷет 80 миллиону 764 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 5 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллиону 75 ҳазор зиёд мебошад.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 96 иншоот (аз чумла 6 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 15 адад иншоотҳои тандурустӣ, 5 адад иншоотҳои маориф, 1 адад иншооти варзишӣ, 11 адад иншооти хизматрасонӣ, 6 адад иншооти савдо ва хуроки умумӣ, 3 адад бинои истиқоматӣ) ба истифода дода шуда, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ 447,3 млн.сом., ба истифодадиҳии хонаҳои истиқомати 25,8 ҳаз.м.м., афзоиши хизматрасониҳои пулакӣ +7,7 млн.сом., гардиши савдои чакана
+10,5 млн.сомонӣ, музди миёнаи маош +248,4 сомонӣ, шумораи андозсупорандагон нав ба қайд гирифта шуда – хоҷагиҳои деҳқонӣ 65 адад, соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда
88 нафар ва соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатномаи махсус фаъолияткунанда 48 адад зиёд шуда бошад, ҳам бақияпулиҳои андоз афзоиш ёфтааст.
Иловатан бар ин ноҳияи Файзобод ноҳияи дататсионӣ буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 54 млн. 739 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки дар муҷоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 млн. 503 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар навбати худ рушди соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия ва бақияпулиҳои мавчудаи андоз манбаъҳои амиқи иловагии қисми даромади буҷети ноҳия ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб бояд буҷети ноҳия ғанӣ гардонида шавад.
Дар ноҳияи Файзобод 26 адад коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 26,7 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 млн. сомонӣ ё ин ки 48,3% кам гардидааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Дар ин давра аз 26 адад корхонаи саноатӣ 16 адад корхонаи саноатӣ нақшаи ҳаҷми истеҳсолро зиёд таъмин намуда, 5 адад корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун нақшаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин накардаанд, 5 адад корхона бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст.
Дар Барнома барои рушди соҳаи саноат 16 лоиҳа ба маблағи 26 млн сомонӣ пешбинӣ шуда, дар солҳои 2021-2024 татбиқи 17 лоиҳа ба маблағи 9,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати
1 октябри соли ҷорӣ танҳо дар 2 лоиҳа бо маблағи 4,5 млн. сомонӣ ё худ 17,3% корҳо пурра иҷро гардида, дар 7 лоиҳа ичрои корҳо идома дошта, дар 7 лоиҳа бо сабаби пайдо нагардидани манбаи маблағгузорӣ корҳо умуман оғоз нагардидааст.
Бояд зикр намуд, ки тибқи ҷадвали бунёди корхонаҳои саноатӣ вобаста ба нақшаи чорабиниҳо доир ба “Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026” дар ноҳия 5 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ гардид, аз ин дар 3 адад корҳо идома дошта, дар 2 тои онбинобар қитъаи замини дарназардошта ба заминҳои кишоварзӣ мансуб будан ва надоштани имконияти молиявии соҳибкор корҳо оғоз нагардидааст.
Ноҳияи Файзобод ноҳияи аграрӣ буда, беш аз 90% аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти муҳимияти масъала дар “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021 – 2025” барои рушди соҳаи кишоварзӣ татбиқи 27 адад лоиҳа ба маблағи 13,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар солҳои 2021-2024 татбиқи 4 лоиҳа ба маблағи бо маблағи
2,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 октябри соли 2024 7 лоиҳа ба маблағи 3,9 млн. сомонӣ пурра иҷро гардида ва чунон ки зикр гардид, дар 8 лоиҳа корҳо идома дошта, дар 12 лоиҳа бо сабаби пайдо нагардидани манбаи маблағгузорӣ корҳо то ҳол оғоз нагардидааст.
Ҳамзамон нарасидани оби полезӣ барои заминҳои киштшаванда, истифода гардидани 1800 га замонҳои обӣ ҳамчун заминҳои лалмӣ ва солҳои тулонӣ таъмир нашудани наҳри 50-солагии Тоҷикистон мушкилотҳои асосии соҳа ба ҳисоб меравад.
Масъалаи дигаре, ки ба рушди маҳал ва татбиқи сифатноки Барнома вобастагӣ дорад, ин амалигардонии 19 лоиҳаҳои дар самти маориф пешбинишуда мебошад. Дар маҷмуъ аз давраи амалишавии Барнома ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар соҳаи маориф ба маблағи 10,6 млн.сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки 37,6% ташкил медиҳад, ки беҳтар намудани ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо дорад. Дар соҳаи тандурустӣ низ нарасидани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири замонавӣ ва норасогии табибони эҳёгар, асабшинос ва ҳамшираҳои тиббӣ аз мушкилоти соҳа маҳсуб ёфта дар “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025” низ дарҷ гардидааст.
Масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, дар Барнома татбиқи 10 адад лоиҳа ба маблағи 59,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, танҳо 2 адад лоиҳа бо маблағи
4 млн. сомонӣ корҳо пурра ба анҷом расида, дар 2 лоиҳа корҳо идома дошта, дар 6 лоиҳа бо сабаби пайдо нагардидани манбаи маблағгузорӣ асосан аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ корҳо умуман оғоз нагардидааст.
Омўзиши масъала нишон медиҳад, ки дар ноҳия таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ 78,7 фоизро ташкил дода, дар Чамоати деҳоти Вашгирд -6953 нафар аҳолӣ– 51,4% ва Чамоати деҳоти Меҳробод -9204 нафар аҳолӣ ба 65 фоиз баробар аст.
Новобаста аз мушкилоти мавчуда барои таъмини аҳолӣ бо оби нушоки ба маблағи 4 млн.сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки 6,7%-ро ташкил медиҳад.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита дар баробари омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ дар як вақт дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ дарёфти роҳҳои беҳбуди фаъолият, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои татбиқи Барнома маҳсуб меёбад ва мо ба ҳадафҳои дар Барнома зикргардида ҳамон вақт ноил мегардем, ки дар ноҳия рушди саноатро бо таъсиси коргоҳу корхона, таъсиси ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида, истеҳсоли маҳсулотро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ барзиёд таъмин намоем ва муҳим аз ҳама нақшаи корҳои созандагию бунёдкориро бахшида ба ҷашни муқаддас –
35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар амалтатбиқ намуда,барои сокинони ноҳия шароити хуби зиндагӣ муҳайё намоем. Вобаста ба масъалаи рўзнома аз чониби аъзоёни Ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул карда шуд.