Бештар бояд масъулиятшинос бошем.
Бо иштироки муовини Раиси Кумита Давлатзода Н.С, сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., сардори шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Нарзуллозода Қ. мудири бахши молиявӣ ва баҳисобгирӣ Хоҷазода Ш. ва кормандони Кумита ҷаласаи кори раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода баргузор гардид. Дар ҷаласадастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои назоратӣ мавриди таҳлилу пурсиш қарор гирифт.
Бо назардошти масъалаҳои баррасигардида сохторҳои Кумита вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва саҳеҳии ҳисобот ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат пешниҳоди маълумот аз ҷараён ва натиҷаи иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳои паём, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои назоратиро мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда гузориш пешниҳод намоянд. Раиси Кумита ҳамчунин дархости он дошт, ки бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҳисоботи арзёбӣ, ки дар маълумоти пешниҳодкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ба қайд гирифта шудааст ва таъмини нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ барои соли 2025 чораҷӯӣ карда шавад.