Вохӯрии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода бо раисони маҳаллаҳои пилотӣ
Санаи 15 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи хурди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии лоиҳаҳои дастгирии шарикони рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита – Шарифҷон Ҷумъазода бо раисони маҳаллаҳои пилотии Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахши Ҷамоати деҳоти Аскар Ҳакимови ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид. Ҳамчунин, дар кори ҷаласа муовини Раиси Кумита, муовини Раиси ноҳияи Шаҳринав ва муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Кумита оғоз бахшида оиди самтҳои гуногунҷабҳаи фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаи дастгирии Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея барои 4 маҳаллаҳои ҶумҳурииТоҷикистон вобаста ба рушди инфрасохтор барои давраи солҳои 2024-2028 ибрози андеша намуд.
Инчунин, қайд гардид, ки айни замон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея барои 4 деҳаҳои Тоҷикистон лоиҳаҳои рушди инфрасохтор то давоми солҳои 2024-2028 бо маблағи умумии буҷети 440 ҳазор доллари ИМА амалӣ гардида истодааст.
Ҳамзамон, зимни нишаст аз ҷониби Раиси Кумита дастурҳо ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати самаранок ва саривақти амалӣ намудани лоиҳаҳои маҳаллаҳои пилотӣ дар самти ивази симчубҳои барқӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва таъминот бо оби нушокӣ пешниҳоди иштирокдорон карда шуд ва дар ин замина раисони маҳаллаҳо вобаста ба сметаи хароҷот, муҳлати иҷроиши лоиҳаҳо ва саҳми аҳолии маҳаллӣ дар татбиқи лоиҳа ва аз натиҷаи корҳои ба иҷро расонидашуда то ба ин давра, суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Раиси Кумита иброз гардид, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси вазифаҳои низомномавии худ ҳамаи тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, барои рушди маҳаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо шарикони рушд самаранок ба роҳ мемонад ва дар ин радиф барои фаъолияти раисони маҳаллаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш дар татбиқи лоиҳаи Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея муваффақият таманно намуд.