Ҷаласаи Ҳайати мушовара дар Кумита оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023
Санаи 5 июли соли 2023 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Кумита Ҷумъазода Шарифҷон оғоз намуда, доир ба таҳкими коргузорӣ, назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита суханронӣ намуд.
Аз ҷумла қайд намуд, ки фаъолияти Кумита барои иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, бо ин васила сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал татбиқ гардида истодааст.
Вобаста ба ин, чораҳои андешидаи Кумита шароит фароҳам оварданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал ба роҳ монда истодааст.