Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳи соли
Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумита, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахш ва кормандони Кумита натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи рӯзномаи кории ҷаласа сардори Раёсати банақшагири ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Фирӯз маърӯза намуд.
Сипас Раиси Кумита пас аз баррасии масъала зикр намуд, ки воҳидҳои сохтории Кумита дар иҷрои вазифаҳои зерин бояд бештар масъулиятшинос бошанд.
Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ вазифадор карда шавад:
- Таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҷиҳати иҷрои Барқияи Ҳукуматӣ аз 14 июни соли 2024, №16/10-87 дар самти тасеа ва таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар нимсолаи дуюми соли 2024 вобаста ба тасдиқи нақшаҳои кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти робита бо ҷомеа ва Фармоиши дар ин самт ба тасвиб расидаи Раиси Кумита фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, аз натҷаи корҳои дар ин самт иҷрошуда, ҳар моҳ ба унвони Раиси Кумита маълумот ирсол карда шавад;
2. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №213 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025”;
3. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба иҷрои банди 39 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП-321 оид ба “Озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ”;
4. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба иҷрои банди 85 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд;
5. Вусъат додани корҳои ҳамоҳангсозӣ ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба иҷрои банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»;
II. Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал вазифадор карда шавад:
6. Ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори фармоиши Раиси Кумита аз 29 январи соли 2024, №4 оид ба Нақшаи чорабиниҳои Кумита доир ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардиданд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд;
7. Қарори Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои омӯзиши “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025”-ро мавриди иҷро қарор дода, аз натиҷаи он маълумот ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Файзобод пешниҳод намояд;
8. Таҳлили ҳисоботи фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2024-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар заминаи “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” арзёбӣ намуда, маълумоти таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намояд.
9. Ҷиҳати иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2020, №22/6-127 оид ба амалӣ намудани фаъолияти “Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ”, ки аз ҷониби Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Раиси шаҳри Хоруғ ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) тасдиқ гардидааст, тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шавад;
10. Ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2024, №26999(24-3) вобаста ба таҳияи ҳисоботи раиси Кумитаи рушди маҳал оид ба рафти амалишавии “Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд ;
11. Таҳияи лоиҳаи Фармоиши Раиси Кумита “Дар бораи Нақшаи кори Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025”;
III. Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат вазифадор карда шавад:
12. Таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумита аз 29 марти соли 2024, №18 “Оид ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” ва аз натиҷаи корҳои ба анҷомрасида пешниҳоди гузориш ба роҳбарияти Кумита.
13. Рафти иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳо ва нақшаи кории ҳафтаинаи Кумитаро зери назорат қарор диҳад;
14. Назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро ба роҳ монда, ҷиҳати мутобиқати санадҳои меъёрию ҳуқуқии Кумита ба талаботи қонуни мазкур, ташкил ва гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони Кумита вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» чораҳои зарурӣ андешад.
15. Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ мондани корҳои ҳамоҳангсозии фаъолият вобаста ба такмили низоми идоракунии рушди маҳал;
IV. Шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор карда шавад:
16. Ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастурамали коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳо”, дигар санадҳои соҳавии хизмати давлатӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги либоспӯшӣ дар Кумита тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
17. Ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Комиссияҳо оид ба ҳисоб намудани собиқаи хизматчиёни давлатӣ, захираи кадрҳои хизмати давлатӣ, озмун барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, одоби хизматчиёни давлатӣ, аттестатсионии хизматчиёни давлатӣ, амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои судманд андешида, аз натиҷаи корҳои дар ин самт иҷро гардида, ба унвони Раиси Кумита гузориш пешниҳод карда шавад;
18. Ҷиҳати баланд бардошти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони Кумита бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” барои ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҷӯӣ намояд;
19. Таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030” мавриди корбарӣ қарор дода, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда тибқи муҳлатҳои муқарраргардида (ҳар нимсола) маълумот омода намояд;
20. Таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумита аз 26 июни соли 2024, №32 “Дар бораи Нақшаи кори Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024”;
21. Баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии хизматчиёни давлатии Кумита, ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳои идоравӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, нисбати сифатнок иҷро гардидани супоришҳои зикршуда фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, махсусан ҷиҳати риояи интизоми меҳнат чораҷӯиро пурзӯр намояд.
22. Таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2021, №30/10-08 ва аз 13 апрели соли 2022, №30/10-83 оид ба вазъи кор бо муроҷиатҳо дар мақомоти давлатӣ (ҳармоҳа ва семоҳа).
- Бахши молиявию баҳисобгирӣ вазифадор карда шавад:
23. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011, №702 “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва якуми молиявӣ” таъмин намуда, мунтазам ба роҳбарияти Кумита маълумот пешниҳод намояд;
24. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015, №38 “Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҷӯӣ намуда, аз натиҷа мунтазам ба роҳбарияти Кумита гузориш пешниҳод намояд;
25. Иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо” ва ан натиҷаи корҳои анҷомдодашуда пешниҳоди гузориш ба роҳбарияти Кумита;
VI. Воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор карда шавад:
26. Таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоршуда дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда, пешгирии такроршавии онҳо ва таҳкими коргузориву назорати идоравӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар муҳлати муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор карда шаванд, ки аз натиҷаи иҷрои супоришҳои дар қарори Ҳайати мушовара дарҷгардида, ба роҳбарияти Кумита ҳар моҳ гузориш пешниҳод намоянд. Сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо ва кормандони Кумита вазифадоранд, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, татбиқи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматиро дар шаҳру ноҳияҳое, ки бо Фармоиши Раиси Кумита вобаста гардидаанд, мунтазам мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, барои иҷрои самараноки он ҳамкориро бо мақомоти маҳаллӣ ба роҳ монанд.