Натиҷагирии фаъолият дар соли  2024

Дар толори маҷлисгоҳи  Кумита  маҷлиси ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 баргузор гардид.

Кори маҷлисро Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода оғоз бахшида бо рӯзномаи маҷлис ва регламенти корӣ шинос намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба натиҷаҳои фаъолият дар  соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал  Абдураҳимзода Фирӯз Абдураҳим маърӯза кард. Мавсуф аз ҷумла зикри дошт, ки; Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи вазифаҳои низомномавӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2024, №22/10-100 оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024-ро мавриди корбарӣ ва ҷамъбаст қарор дода, маълумоти зеринро манзур менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ Кумита таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №АП-484 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта, дар ин замина фармоиши Раиси Кумита аз 29 январи соли 2024, №04 таҳия ва тасдиқ гардидааст. Оид ба супориши мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мактуби дархостии Кумита ҷиҳати пешниҳоди маълумот ирсол гардида ҳамкорӣ дар ин самт ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи иҷрои супориши мазкур тибқи муҳлатҳои муқарраргардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад.

Ҳамзамон, Кумита иҷрои бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №АП-484 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди иҷро қарор дода, тибқи маълумотҳои дастрасгардида аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маълумотҳои заруриро омода намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлатҳои муқарраргардида маълумоти таҳлилӣ ирсол намуд.

Тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №436, аз 3 марти соли 2020, №24/10-53 ва аз 30 июни соли 2020, №24/10-251 дар бораи иҷрои банди 85 нақша чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, мактуби дархостии Кумита аз 13 ноябри соли 2024, №1/4-498 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол намуда, аз натиҷаи он 27 декабри соли 2024, №1/4-352  ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади иҷрои саривақтии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 оид ба корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро мавриди корбарӣ қарор дод. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ   сохтмони  28 ҳазору 955 адад иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2024 17 ҳазору 972 адад иншоот бо таъсиси 37 ҳазору 845 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 62,0 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар 5 ҳазору 867 адад иншоот, ки 20,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 5 ҳазору 116 адад иншооти дигар, ки 17,6 фоизро дар бар мегирад, корҳо оғоз нагардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 17 ҳазору 972 адад иншоот то санаи 1 декабри соли 2024 мавриди истифода қарор гирифта, 688 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 654 адад дар соҳаи тандурустӣ, 1458 адад дар соҳаи маориф, 480 адад майдончаи варзишӣ, 175 адад дар соҳаи истироҳатию фарҳангӣ, 1039 адад иншоотҳои хизматрасонӣ, 596 адад бинои истиқоматӣ, 195 адад бинои маъмурӣ, 1766 адад иншоотҳо дар соҳаи савдо ва хуроки умумӣ, 332 адад купрукҳо, 2589 банд оид ба сохтмон ва таъмири роҳҳо ва 8000 ададро дигар иншоотҳо ташкил дода, аз натиҷаи он маълумотнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Иҷрои банди 9 Нақшаи чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2023, №АП-470 “Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” аз самти муҳими фаъолият маҳсуб ёфта, бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардидани нақшаи чорабиниҳои амри мазкур Кумита корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо аъзоёни гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда, корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Кумита чун масъули баргузории фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола”   Низомнома ва меъёрҳои баҳогузориро  ба аъзоёни гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои корбарӣ ва иҷро ирсол намуда, ҷиҳати мукофотонидани ғолибон ба унвонии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷудо намудани маблағ мактуби дархостӣ аз 20 декабри соли 2023, №1/4-266 ирсол гардида буд, ки дархости мазкурро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили дастгирӣ шуморида, дар асоси супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2024, №3871(24) лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани 188 ҳазор сомонӣ маблағ барои мукофотонидани ғолибон таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намуд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санади мазкур тасдиқ гардид.

Пас аз баргузории даври якум ва дуюми  фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” 1 майи соли 2024 дар боғи фарҳангию фароғатии бо номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври  ҷамҳуриявии” баргузор гардид, ки ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза,  дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофотҳои пулӣ, шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок намуданд, бо “Сипоснома”-и Кумита қадрдонӣ гардиданд ва аз натиҷаи он маълумотнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Инчунин, баргузории озмуни мазкур тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд.

 Иловатан бар ин ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  баргузор гардидани озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ аз ҷониби сокинони мамлакат хуб пазироӣ гардида, Кумита чун масъули баргузории озмун Нақшаи чорабиниҳо, Низомнома, меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмун ва тақсимоти вазифаҳои аъзоёни гурӯҳи кориро  таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   пешниҳод намуд.  

Марҳилаи якуми озмун дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли 2024 аз ҷониби комиссияҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ҷамъбаст гардида барои иштирок ба даври дуюм ғолибон пешниҳод гардидаанд. Кумита 5 ноябр даври ҷамъбастии онро дар якҷоягӣ бо чорабинии тантанавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии №19 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намуда, ғолибони озмун бо Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тибқи банди 2.1. Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2024 бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, №9308 (24) гурӯҳи кории Кумита аз 2 то 6 апрели соли 2024 ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафари корӣ анҷом дода, ҷараёни иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2021-2025”-ро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, дар ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита 3 майи соли 2024 мавриди муҳокимаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор дода шуд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2024, №1/5-64  маълумоти таҳлилӣ ирсол карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи кории Кумита тибқи банди 2.2 Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2024, ки бо фармоиши Раиси Кумита аз 29 декабри соли 2023, №76 тасдиқ шудааст ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2024, №19589(24) вобаста ба пешниҳоди таклифҳо оид ба такмил ва таҳкими асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодии идоракунии маҳал, тақвияти масъулияти онҳо дар назди ҷомеа, омӯзиши рафти амалишавии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз 17 то 22 июни соли 2024 гузаронида, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 2024, №26666 (24-3) ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита санаи 12 июли соли 2024 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд баргузор гардид ва аз натиҷаи он маълумотномаи таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2024, №1/4-205 ирсол карда шуд.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2024, №36653(24.4) оид ба гузаронидани мониторинги рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025” Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳал сафарбар гардиданд ва дар ин замина аз натиҷаи таҳлили гузаронидашуда ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита дар ноҳияи Файзобод баргузор карда шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа маълумотномаи таҳлилӣ омода гардида, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” дар асоси паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2024, №41 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил ёфта, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024, №1/5-34 ирсол гардид, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2024, №6283 (24-3) ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои корбарӣ тибқи тартиби муқарраргардида ирсол карда шудааст.

Кумита дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал”  дар семоҳа, нимсолаи аввал ва нуҳмоҳаи соли 2024-ро арзёбӣ намуда, маълумоти таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯӣ ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ Кумита супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2024, №44604(24), аз 4 ноябри соли 2024, №44191, аз 8 ноябри соли 2024, №44368 (24) ва аз 13 ноябри соли 2024, №45334(24-3) оид ба  арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал дар нӯҳ моҳи соли 2024, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумотҳоро ҷамъоварӣ намуда, мактубҳои таҳлилии минтақаҳоро дар алоҳидагӣ  (ВМКБ аз 16 декабри соли 2024, №1/5-340, вилояти Суғд аз 16 декабри соли 2024, №1/5-339, вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2024, №1/5-349 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 18 декабри соли 2024, №1/5-341) ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ Кумита супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2024, №4110(29-4.2)  оид ба ҳамкорӣ бо деҳаҳои Тоҷикистон дар заминаи нусхаи номаи Маркази Саэмаул Ундонги Ҷумҳурии Корея роҷеъ ба тасмими ҷониби ташкилоти мазкур ҷиҳати амалисозии лоиҳа дар самти рушди деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2024-2028, пешниҳодҳои аз ҷониби вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба унвонии Кумита ворид гардида, баъд аз корбарӣ намудан, мактуби ҷавобӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2024, №1/5-38 ирсол шуд.

Айни замон, тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №6681(29-4.2) лоиҳаи дастгирии молиявии мазкур дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти “Маркази Саэмаул Ундонги Ҷумҳурии Корея” дар 4 деҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумлаи деҳаҳои деҳаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав) бо ҷалби маблағи 440 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гашта истодааст.

Бо мақсади иҷрои банди 10 тартиби муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Кумита ба бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар шаҳри Душанбе, тибқи шакли №1-Муроҷиати ҳисоботи омори давлатӣ аз санаи 9 январи соли 2024 пешниҳод карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 12 адад муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, саривақтӣ баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунанда ҷавоби  дахлдор ирсол карда шудааст.   

Давоми  соли 2024 ба Кумита 2718 ҳуҷҷат ворид гардидааст, ки дар қиёс бо соли 2023 (2634) – 84 ҳуҷҷат зиёдтар аст. Аз ҷумла: Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 (соли 2023- 3) адад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон– 45 (соли 2023 – 9) адад, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 50 (соли 2023- 44) адад, фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 (соли 2023 – 2) адад,  нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 78 (соли 2023 – 67) адад, мактубҳо аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 423, Сарвазир ва муовинони он- 79, қарори Маҷлиси Олӣ- 3 мактуб аз вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар мақомотҳо -1092 (1087),   мактубҳо аз вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ – 911 (1021), барқияи ҳукуматӣ-45 (37), лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ-6 (1) ворид гардида, мавриди корбарӣ қарор гирифтааст.

Дар Кумита давоми соли 2024 47 адад фармоиши раиси Кумита (соли 2023-53)   инчунин 956    (соли 2023 – 826) адад  мактуб аз ҷумла: 351 ( соли 2023 – 280)  мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 605 мактуб (2023 – 546) ба вазорату кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ, корхона ва ташкилотҳои дахлдор содир карда шудаанд.

Инчунин  35 (2023 –31) адад протоколҳои маҷлисҳои корӣ, ҳайати мушовара  ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади иҷрои банди 10 тартиби муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Кумита ба бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар шаҳри Душанбе, тибқи шакли №1-Муроҷиати ҳисоботи омори давлатӣ аз санаи 9 январи соли 2024 пешниҳод карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 12 адад муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, саривақтӣ баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунанда ҷавоби  дахлдор ирсол карда шудааст.   

Давоми  соли 2024 ба Кумита 2718 ҳуҷҷат ворид гардидааст, ки дар қиёс бо соли 2023 (2634) – 84 ҳуҷҷат зиёдтар аст. Аз ҷумла: Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 (соли 2023- 3) адад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон– 45 (соли 2023 – 9) адад, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 50 (соли 2023- 44) адад, фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 (соли 2023 – 2) адад,  нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 78 (соли 2023 – 67) адад, мактубҳо аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 423, Сарвазир ва муовинони он- 79, қарори Маҷлиси Олӣ- 3 мактуб аз вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар мақомотҳо -1092 (1087),   мактубҳо аз вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ – 911 (1021), барқияи ҳукуматӣ-45 (37), лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ-6 (1) ворид гардида, мавриди корбарӣ қарор гирифтааст.

Дар Кумита давоми соли 2024 47 адад фармоиши раиси Кумита (соли 2023-53)   инчунин 956    (соли 2023 – 826) адад  мактуб аз ҷумла: 351 ( соли 2023 – 280)  мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 605 мактуб (2023 – 546) ба вазорату кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ, корхона ва ташкилотҳои дахлдор содир карда шудаанд.  Баъдан аз ҷониби Раиси Кумита фаъолияти раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлил ва пурсишу баррасӣ қарор гирифта, барои самаранокии фаъолияти минбаъда  дар назди воҳидҳои сохтории Кумита иҷрои вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *