Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва вусъати корҳои созандагӣ дар шаҳри Бохтар
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи кории Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода бо кормандони дастгоҳи раиси шаҳр ва фаъолону аъзоёни зергурӯҳҳои корӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории кори ҷаласа мактубе, ки 22 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши протоколии Ҳукумати мамлакат таҳти №6 аз 31 майи соли 2024 вазъи ҷинояткорӣ, афзоиши ҳолатҳои гаравиши сокинони шаҳри Бохтарро ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистию терористӣ ва сабабу шароитҳои вобаста ба онро мавриди таҳлил қарор додааст ва ба Кумита ворид гардидааст, мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор гирифт.
Оид ба масъалаи мазкур гузориши Забирзода Фурқат шунида шуд ва дар ҳузури сардорони мақмоти қудратии шаҳр баҳри ислоҳи камбудиҳои дар мактуб зикршуда, супориш ва дастури судманд пешниҳод гардид.
Дар идомаи кори ҷаласа Раиси Кумита зикри он дошт, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо мактуб Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ахбороти Кумитаи рушди маҳал омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди санҷиш ва ҷамъбаст қарор гирифтааст.
Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 14157 иншоот бо таъсиси 31970 ҷои нави корӣ сохта ба истифода шудааст, ки 49,9 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Ҳамзамон дар 7089 иншоот ё ин ки 24, 8 фоизи нақшаи умумӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 7403 иншооти дигар ё 25,8 фоиз то ҳол корҳо оғоз нагардидаанд.
Дар нақшаи чорабиниҳои ҷашнии шаҳри Бохтар бунёди 270 иншоот, аз ҷумла дар соҳаи маориф 16 иншоот, тандурустӣ –
5 иншоот, соҳаи саноат – 17 иншоот дар назар аст. Ба ҳолати 1 январи соли 2024, 114 иншоот бо таъсиси 108 ҷои корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 42,2 фоизи нақшаи умумиро ташкил дода, дар 98 иншоот корҳо оғоз гардида дар 58 иншоот корҳо то ҳол оғоз нагардида буд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо қарори худ аз 25 июни соли 2024, таҳти №232 ба нақша чорабинҳо тағйирот ворид намуда, пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо шумораи иншооти ҷашнӣ ба
300 адад расидааст, ки аз он сохтмони биноҳои баландошёна –
101 адад (33 фоиз), сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ – 43 адад (14 фоиз), соҳаи саноат 14 адад (4 фоиз), маориф-18 адад ( 6 фоиз), тандурустӣ 3 адад ( як фоиз), фарҳанг – 3 адад (як фоиз), варзиш 5 адад ( як фоиз), нақлиёт ва коммуналӣ 86 адад (28 фоиз) ва дигар соҳаҳо 27 адад (9 фоиз)
Муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи саноат ва сохторҳои дахлдори соҳа вазифадор гардиданд, ки барои пиёдасозии ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръат ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои дар соҳаи саноат қабулгардида, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯбуда ва истифодабарии иқтидорҳои бозистода чораҳои таъхирнопазир андешанд;
Ҳамчунин бунёди иншооти ҷашни дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш нигаронкунанда буда, набудани ягон банди нақша дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тозагии муҳити атроф аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик ҳам мо масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз қабили амалисозии барномаҳои соҳавӣ, бунёди партовгоҳи асосӣ, насби қуттиҳои партов, ивази симчубу қубур, мумфарш намудани роҳҳои шағалпӯш ва бунёди боғу гулгаштро бартараф карда наметавонем.
Раиси Кумита даъват бар он дошт, ки мо бояд дар арафаи ҷашнҳои тақвимӣ, аз ҷумла Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони чанде аз иншооти ҷашниро анҷом дода, онро мавриди истифода қарор диҳем ва барои иҷрои ин амал, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадоранд, ҷиҳати ба расмиятдарории иншоотҳои ҷашнӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ ва таъмини нақшаи чорабинии ҷашнӣ чораҷӯӣ намуда, барои такмили нақшаи чорабиниҳо корҳои тарғиботиро бештар ба роҳ монда, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаро ба корҳои бунёдкорию созандагӣ ҷалб намоянд. Шаҳри Бохтар аз марказҳои соҳибрушд ва маъмурӣ маҳсуб ёфта, мо бояд барои ҳарчӣ бештар ободу зебо ва бунёд намудани гулгашту хиёбонҳо, сабзу гулзор кардани шаҳр дар чор фасли сол ва дарёфти ҷойи ифтихорӣ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештару беҳтар фаъолият намоем ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро зарур аст, барои ободии маҳал, кӯчаву хиёбон ва таъмини зиндагии хуби мардум чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.