Бунёди 150 гектар токзори нав ва боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони вилояти Хатлон
21.12.2019 12:57, ноҳияи Хуросон
21 декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.
Токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил намудаанд.
Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғутокпарварӣ токзори навбунёд “Пешвои миллат” номгузорӣ шудааст.
Дар масоҳати 150 гектар, ки ба 8 қитъа тақсим гардидааст, 10 намуд ангури навъҳои ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла, дар масоҳати 48 гектар навъи “Ғалаба”, 31 гектар “Ҳусайнии сиёҳ”, 20 гектар “Ҳусайнии сафед”, 2 гектар “Ҳусайнии гулобӣ”, 2 гектар “Кардинал”, 25 гектар “Шоҳона”, 6 гектар “Кишмиши сафед”, 8 гектар “Кишмиши сиёҳ”, 3 гектар “Зарифӣ” ва 5 гектар “Тоифӣ”, дар маҷмуъ 42 ҳазор бех ниҳоли ангур шинонида шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳо аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шудаанд ва ба иқлими ноҳияи Хуросон, бахусус мавзеи мазкур мутобиқ мебошанд.
Дар се қитъаи боғ бошишгоҳ ва парки мошинҳо ташкил гардидааст ва дар баробари муҳайё будани шароити хуб барои токпарварон, ҳамчунин онҳо бо ҳама гуна техникаву механизми кишоварзӣ таъмин мебошанд.
Дар заминаи ташкил гардидани токзори нав қариб 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Техникаву механизми кишоварзӣ барои бунёди боғ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” таъмин карда шудааст ва минбаъд низ дар асоси дархости хоҷагидорон ҳама гуна техникаву механизими зарурӣ дастрас карда мешавад.
Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба хотири рушд бахшидани соҳаи агротуризим дар ду мавзеъ қитъаи намоишӣ, ташкил карда шудааст, ки масоҳати 5 гектарро фаро мегирад. Аз рӯйи нақша дар ин қитъаҳо 10 намуд ангури навъҳои беҳтарини ватанию хориҷӣ шинонида мешавад.
Барои нигаҳдорӣ ва беталаф содир намудани ҳосили ҷамъоваришуда ба хориҷи мамлакат ояндаи наздик дар назди хоҷагӣ сардхона бунёд карда мешавад. Барои бунёди сардхона 1 гектар замин ҷудо гардидааст.
Қоидаҳои шинонидани ниҳол ва парвариши он дар токзори навбунёд пурра аз рӯи тавсияи олимони соҳа ба роҳ монда мешавад.
Ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода, аз ҷумла роҳбари хоҷагии “Ватан” Неъмат Усмонов бунёд гардидааст. Дар вақти омода кардани замин ва шинонидани ниҳол тавсияи таҷрибадорон пурра ба инобат гирифта шудааст ва минбаъд низ нигоҳубин ва парвариши ток дар асоси маслиҳатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.
Барои таъминоти токзор бо оби полезӣ аз пойгоҳи обкашии “Табиат-2” ба масофаи қариб 3,5 километр хати алоҳидаи оби полезӣ кашида шудааст. Дар ин замина масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳи мавҷударо пурра аз таъмир бароварда, ҳамчунин ду агрегати нав васлу насб намудаанд.
Токзори нав дар ноҳияи Хуросон дар асоси нақша чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар татбиқи ҳадафҳои Барномаи давлатии “Рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” заминаи мусоид мегузорад.
Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғу токпарварӣ токзори нав баъди се – чор сол 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.
Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон диданд намуданд.
Дар ин намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ҳосили зироати полезӣ, сабзавот, мевагиҳо ба маъраз гузошта шуд.
Дар соли 2019 кишоварзони вилояти Хатлон дар ҳаҷми зиёда аз 13,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин ба хориҷи кишвар низ ба миқдори зарурӣ содирот намудаанд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ чанд растаро дар бар мегирифт. Маҷмуан дар ин ҷо беш аз 20 намуд маҳсулот, аз қабили ангуру себ, ноку лиму, хушкмеваҳо, тарбузу харбуза ва ғайра ба тамошо гузошта шуд.
Анвои маҳсулоти муаррифигардида барои нигоҳдорӣ дар фасли зимистон мувофиқ мебошанд.
Дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахтони зардолу, себ, нок, олу, хурмо, шафтолу ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, инчунин гулу буттаҳои мавсимию ҳамешасабз ҳам муаррифӣ шуданд.
Намоишгоҳи васеи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Хуросон бозгӯкунандаи меҳнати пайваста ва содиқонаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хотири ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мебошад.
Баъди шинос шудан бо дастовардҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагиҳои кишварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати рушд бахшидани соҳа ва истифодаи самараноки замин маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар намоишгоҳ занону бонувони ҳунарманди ноҳияи Хуросон низ фаъолона иштирок намуда, ҳунари нонпазӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллиро муаррифӣ карданд.
Дар ин ҷо барои омода намудани ҳар як намуд нон ва хӯроки миллӣ гӯшаҳои алоҳида ташкил карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону бонувони ноҳияи Хуросон баҳои баланд дода, онҳоро ба ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушд бахшидани он, инчунин ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати пазандагӣ ҳидоят намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Хуросон намудҳои зиёди хӯрокҳои миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд.
Аз ҷониби Президенти мамлакат ташкил ва ба роҳ мондани чунин намоишгоҳ дар тарғиби бештари ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи мероси аҷдодӣ муҳим шуморида шуд.
Намоишгоҳи мазкур низ маҳз бо ҳамин мақсад ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шудааст, ки он дар муаррифӣ ва рушди анъанаю суннатҳои қадима заминаи мусоид хоҳад гузошт.