Табрики Раиси Кумита ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Бо шукўҳи хоса таҷлили гардидани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон падидаи ҷолибе аст, ки сиёсати Ҳукумати мамлакатро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати насли наврас ифода менамояд. Ин қадршиносӣ далолат бар он дорад, ки дар ҷомеаи имрўза мақоми ҷавонон рўз аз рўз боло рафта, нигоҳи давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад. Дар маҷмўъ ҳамаи ин дастовардҳои бузурги ҷавонони қарни ХХI кишварро бо эътимоди комил метавон меваи истиқлол номид, ки аз баракати ин марҳилаи сарнавиштсози кишвар барояшон муяссар гардидааст.
Боиси ифтихор он аст, ки ҷавонони Кумита дар партави нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ободониву шукуфоии мамлакат саҳми худро мегузоранд ва онҳо эҳсос менамоянд, ки танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад, аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавонро ба сўи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад. Ҷавонон ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш менамоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардида, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро густариш диҳанд, ҳамчун инсонҳои бедордилу ватанхоҳ ба таври доимӣ ҳифз ва ташаккули рушди кишварро таъмин намоянд, мероси таърихию фарҳангии кишвари азизамонро эҳё созанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд».
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, саодату сарбаландӣ, азму иродаи созандагию бунёдкорӣ, олами саршор аз меҳру муҳаббати ҷавонӣ ва дастоварҳои беназирро дар кору фаъолият орзу дорам.