Мулоқоти  Раиси Кумита  бо намояндагони ташкилоти ғайри тиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея

Санаи 25 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи хурди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода бо роҳбари гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ан Сеонгил – Директори бюрои байеалхалкии маркази Кореягии Саемаул Ундрнг баргузор гардид. Ҳамчунин, дар кори ҷаласа муовини Раиси Кумита, сардор ва муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал ва аз ҷониби намояндагони  гурӯҳи кории ташкилоти болозикр Ли Кихван – ёвари мудир ва координатори проект ва Ким Ёнг-ран мутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои рушди Саемаул Ундонги Вазорати корҳои дохилӣ ва бехатарии Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси Кумита  аз самтҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал  фикру андешаи худро иброз намуд.

Зикр гардид, ки айни замон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея барои 4 деҳаҳои Тоҷикистон лоиҳаҳои рушди инфрасохтор то давоми солҳои 2024-2028 бо маблағи умумии буҷети 440 ҳазор доллари ИМА амали карда мешаванд, ки то инзамон деҳаҳои интихобгардида дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби ташкилоти мазкур расман равон карда шудааст ва дар ин самт иљрои корҳо идома доранд.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур дар деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Аскар Ҳакимови ноҳияи Шаҳринав,   деҳаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш амалӣ карда мешавад.

Кумитаи рушди маҳал оғоз аз соли 2021 то инҷониб дар ҳамкорӣ бо Маркази Кореяи Саэмаул Ундонг 3 маротиба курсҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудааст, ки як маротиба дар соли 2021 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 маротиба солҳои 2022 ва 2023 дар Ҷумҳурии Корея бо иштироки 40 нафар намояндагон (хизматчиёни давлатӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ) баргузор гардидааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбари гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ан Сеонгил – Директори бюрои байналхалкии маркази Кореягии Саемаул Ундрнг иброз гардид, ки ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳа ҷоннок карда мешавад. Инчунин, дархост гардид, ки зимни сафари корӣ намояндагони масъули ташкилоти болозикр ба 4 деҳаҳои пилотӣ ташриф оварда, ҷаласаҳо вобаста ба муаррифии лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳал баргузор карда шаванд.

Дар фарҷом Раиси Кумита зикри он дошт, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси вазифаҳои низомномавии худ ҳамаи тадбирҳоро роҳандози намуда, барои рушди деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолиятро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд самаранок ба роҳ мемонад ва барои фаъолияти гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи Ташкилоти ғайритиҷоратии “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея  барору муваффақият таманно дошт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *