Фестивали гулҳо таҳти унвони ”Сайри гули лола”
Даври ҷумҳуриявии Фестивали гулҳо таҳти унвони ”Сайри гули лола”, ки аз ташаббусу ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо ва маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон мусоидат менамояд, санаи 1 майи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гарид. Дар баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони ”Сайри гули лола” муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ғолибон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Дар оғоз ҳайати расмии чорабини аз намоишгоҳ ва растаи гулу буттаҳо дидан намуда, бо дастовардҳои шаҳру ноҳияҳо шинос гардиданд. Дар Амфитеатри боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо баргузории барномаи консертӣ ба ғолибон, диплом, маблағҳои пулӣ ва Шоҳҷоизаи озмун тақдим гардид.
Гулпарвари беҳтарин: ҷойи 1 Ғойибов Маҳсиддин (агрономи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе,ҷойи 2 Раҳимов Аъзам Азимович истиқоматкунандаи деҳаи Заргари Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат, ҷойи 3 Шодибеков Абдусалом истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
Гулгашту хиёбон: ҷойи 1 Гулгашти назди бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе, ҷойи 2 Гулгашти ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҷойи 3 Гулгашти Балхӣ-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-и вилояти Хатлон.
Боғи фарҳангю фароғатӣ: ҷойи 1 Боғи фарҳангию Фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, ҷойи 2 Боғи фарҳангию фароғатии “Қаълаи Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд , ҷойи 3 Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода.
Маҳалла: ҷойи 1 Маҳаллаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷойи 2 Маҳаллаи №5 ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ҷойи 3 Маҳаллаи Гулистони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд.
Деҳа: ҷойи 1 Деҳаи Қайнари ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ҷойи 2 Деҳаи Моинкаҷи Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойи 3 Деҳаи ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав.
Деҳот: ҷойи 1 Ҷамоати Деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон , ҷойи 2 Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ҷойи 3 Ҷамоати деҳоти Айнӣ-и ноҳияи Варзоб.
Шаҳрак: ҷойи 1 Ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ҷойи 2 Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ҷойи 3 Ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор.
Ноҳия: ҷойи 1 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ҷойи 2 ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ҷойи 3 ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд.
Шаҳр: ҷойи 1 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҷойи 2 шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ҷойи 3 шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.
Вилоят: ҷойи 1 Шоҳҷоиза (Гран При) Шаҳри Душанбе, ҷойи 2 вилояти Суғд, ҷойи 3 вилояти Хатлон.