Мулоқот бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу

25 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тамоюли тавсеаи устувори шарикии стратегии ду давлат, инчунин ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани онҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Сарвари давлати мо рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.

Пешвои миллат аз натиҷаҳои баланди соли гузашта ёдовар шуда, пуррӯйдод будани равобити Тоҷикистону Қазоқистонро дар соли равон таъкид карданд.

Ҷонибҳо аз рушди самарабахши минбаъдаи ҳамкории судманди ду кишвар дар чунин соҳаҳои иқтисод, ба монанди тиҷорат, саноат, энергетика ва бахши агросаноатию сармоягузорӣ, инчунин дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф ҷонибдорӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба чорабиниҳои сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба, ки соли равон ба нақша гирифта шудаанд, табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *