Паём – роҳнамои фардои ҷомеа

Бо мақсади тарғиб ва омӯзиши нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат  дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  раиси  Кумита Ӣ,  сардори шуъбаи  таблиғот ва итиллоот Гадоев Абдурасул Эсанбоевич  ва Абдуллоев Нусратулло – сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ҷаласа баргузор гардид.

Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода кори ҷаласаро оғоз бахшида, зикри он дошт, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро зикр гардида, дар он нақшаҳои минбаъдаи фаъолият дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ таҳрезӣ гардид.

Пешвои миллат дар Паёми худ зикри он доштанд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкиди он доштанд, ки ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Гадоев Абдурасул Эсанбоевич – сардори шуъбаи  таблиғот ва итиллоот  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сармутахассис-ёвари Раиси Кумита Ҳаётов Н. низ дар суханронии худ нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳу эзоҳ доданд.

Ташаккур.

Барои суханронии пурмуҳтаво ва баёни андеша ташаккур.

Аз суханронии маърӯзачиён бармеояд, ки дар паём дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гардиданд,  ки  дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд.

Дар баробари зикри дастовардҳои назаррас Пешвои миллат Ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохторҳои давлатдориро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар Паём бори дигар таъкид гардид, ки мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Нуктаи дигар муҳими Паём дар он аст, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Масъалаҳои рушди соҳаи маориф, фарҳанг, тиб, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти озуқаворӣ, идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, риояи талаботи қарору қонунҳои амалкунанда, иҷрои нақшаи чорабиниҳо  бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, эътиқод ба  эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди терроризм ва чанд масъалаи муҳимро Пешвои миллат дар Паёми худ таҳлил намуда, дар як вақт моро вазифадор намуданд, ки дар роҳи иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ барои шукуфоию ободии Ватанамон дучанд кору фаъолият намоем.

Шумо хуб огоҳӣ доред, ки  бо иқдоми Пешвои муаззами миллат дар ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 28 ҳазору 384 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз он 10 ҳазору 71 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Мақсад аз ин иқдом таъмини баробарии рушди деҳоту шаҳр, бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ дар ҳама минтақаҳои мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон чун сарзамини дорои тамаддуни кӯҳан, ёдгориҳои таърихӣ, манзараву табиати биҳиштосо маҳсуб меёбад.

Дар идомаи нақшаи чорабинҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бояд ба таъмини некуаҳволии ҷомеа ва муҳим аз ҳама ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ, одоби диёрдорӣ ва дӯстиву рафоқати сокинони мамлакат ва баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ бо мақсади шинохт ва мақоми Конистутсия дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бояд тақвият бахшад.

Кормандони Кумита вазифадоранд дар таъмини нуктаҳои муҳими Паём ва нақша чорабиниҳое, ки бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидаанд, ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо хубтар ба роҳ монда дар фаъолияти меҳнатии худ оромону ҳадафҳои муҳими давлатдориямонро сармашқи кору фаъолият қарор дода, бештару беҳтар масъулиятшинос бошанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *