Сафари кории Раиси Кумита ба шаҳри Бохтар
29 майи соли 2021 роҳбарияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Барқияи Ҳукуматӣ аз 18 майи соли 2021, №24/10-18 ба шаҳри Бохтар сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафари кории худ бо фаъолони шаҳри Бохтар маҷлиси васеи корӣ баргузор намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Кушониён ва Ёвони вилояти Хатлон аз 24 то 26 марти соли 2021 баён доштанд, иншоотҳои ҷашние, ки то ба имрӯз оғози онҳо ба роҳ монда нашудааст, пурсиш намуда, баҳри ислоҳи саривақтии камбудиҳо шахсони масъул вазифадор карда шуданд.
Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки ба масъалаи ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, раванди корҳои амалиро дар шаҳр ҳамарӯза зери назорат қарор диҳанд.
Сипас оид ба вазъи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар” дидан намуданд.