Мулоқот бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президентии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нушокӣ, беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётию роҳҳои мошингард, авиатсия, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва амалисозии ҳадафҳои стратегии давлати мо дар доираи Барномаи кишварии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳор доштанд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатнокии кишвар, рушди инфрасохтори саноат ва содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағҳо барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ҳамчун афзалияти муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад.